Ҳизби демократӣ номзадашро пешниҳод намуд

Сентябрь 18, 2013 10:53

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар анҷумани Ҳизби демократии Тоҷикистон раиси он Саидҷаъфар Исмонов номзад ба интихоби президенти ҶТ пешбарӣ шуд. Номзадии Саидҷаъфар Исмоновро 45 нафар ҳозирони анҷуман дастгирӣ намуда, як нафар муқобил овоз дода, се нафари дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Ба ҳамин тариқ, Саидҷаъфар Исмонов бо қарори анҷумани ҳизб номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ гардид.Хотирнишон месозем, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон то имрӯз дар сафҳои худ қариб 8 ҳазор нафар аъзо дорад.

Сентябрь 18, 2013 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш