Ҳунарнамоии аспбозони туркман дар Сирки Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2013 10:52

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 10-ум то 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи муштараки ҳунармандони цирки Туркманистон ва Тоҷикистон доир мешавад. Дар ин намоиш 26 нафар ҳунарманд аз Ҷумҳурии Туркманистон иштирок мекунад. Ҳамчунин аспбозони Туркманистон бо худ 12 аспи зоти ахалпекинро овардаанд, ки бо ҳунарнамоии ҷолиби худ хотири ҳозиринро шод мекунанд. Мавриди зикр аст, ки ин зоти асп аз ҷумлаи зотҳои машҳур ва қадимтарин ба шумор меравад ва Президенти Туркманистон 1 аспро аз ин зот бо номи «Диёр» ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тақдим кардааст. Ҳунармандони туркман бо намоиши аспбозии худ ба тамоми кишварҳои дунё сафари ҳунарӣ анҷом дода, ҳаводорони зиёде пайдо намудаанд Бояд гуфт, ки баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин якумин сафари ҳунарии ҳунармандони Туркманистон ба Тоҷикистон аст. Намоиши мазкур пагоҳ соати 17:30, рӯзҳои 14-15-ум соати 16:00,12:00 баргузор мегардад. Бино ба иттилои Сирки давлатии Тоҷикистон дар ин намоиш масхарабозон ва як гуруҳ духтарон- гимнастони тоҷик низ иштирок менамоянд. Гуфта мешавад, ки Сирки точикро низ имрӯз дар арсаи байналмилалӣ пазируфтаанд ва бо он барномаи ҳунарӣ ба мамлакатҳои зиёд меравад.

Сентябрь 12, 2013 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш