Ҷаҳони мардсолор ва қартаҳои занона
Номзадии занро ба президентӣ, дар Тоҷикистоне, ки зиёда аз 90 — сол Сарқонунаш ҷинсҳоро ҳуқуқҳои баробар додааст, бо шӯру валвалаи хосе истиқбол карданд. Бархе аз мардуми ба истилоҳ «исломӣ» дар шабакаҳои интернетӣ онро мамнуъ ва ғайришариатӣ хонданду баъзе ҷорчиҳои умре худро лидери демократу аврупоӣ муаррифӣ карда, онро «бозии сиёсии Кабирӣ» унвон карданд.Шореҳони сиёсии мудом «навбатдор» — и саҳафоти нашрияҳои ба истилоҳ озод низ ба хотири гуногунандешӣ кадоме зиду кадоме ба номзадии бонуе ба президенӣ тарафдор гаштаанд. Ҳатто нафароне ёфт шуданд, ки бесаводии сиёсии хешро пинҳон дошта натавониста, аллакай Ойниҳол Бобоназароваро дар курсии президентӣ тасаввур кардаву шубҳа намуданд, ки чӣ хел як зан метавонад раиси ҷумҳур бошад. Пушти домони (юбка) зане панаҳ бурдани иттиҳоди мухолифин ҳам, ба назари аксари тарафдорони эҳтимолии эшон, то андозае мулоим карда гӯем, қабеҳ тофтааст.Кишвари мо барои он аз рӯи сохт дунявию демократӣ аст, ки назарҳо гуногун бошанд ва мо шаҳрвандон низ бояд одат кунем, ки таҳаммулпазирӣ як шарти муҳими ҷомеаи демократӣ аст. Мазмун, ҳама кас ҳақ дорад, андешаи хешро озодона аз тариқи васоити ахбори омма баён созад. Эҳтироми андешаи дигарон ( хоҳ мусбат бошад, хоҳ манфӣ) ба навъе нишонаи эҳтироми ҳуқуқи ҳамдигар аст. Тарзи дурусти пешниҳоди ин эҳтиром он аст, ки бигӯӣ: «ман фикр мекунам, ки …». Яъне, ман шояд ба фикри дигарон розӣ нестам, вале онро рад намекунам ва шуморо муътақид намегардонам, ки ноҳақед. Фикри ман шояд мухолифи фикри шумост, ки ба таври маданӣ, бе таҳқири касе ба таври оммавӣ (публичный) иброз дошта мешавад. Агар ин меъёрҳои оддии муносибатҳои мадании шаҳрвандӣ дар ҷомеа риоя шаванд, пас мо гӯши шунидани якдигарро пайдо мекунем. Дар ин иртибот ба хеш иҷоза медиҳем, ки чанд андешаи худро барои хонандаи азиз ироа бидорам. Инак, барои Тоҷикистони 22 сол соҳибистиқлол пешниҳоди номзадии як зан ба мақоми болотарин дар кишвар чисту чӣ ба дунбол дорад? Хушбахтона, касе ба касбияти Ойниҳол Бобоназароваи номзад шак карда наметавонад, ба истиснои таҳайюр аз он, ки нахустзане пешниҳодшуда ба ин мақом аст. Шояд шак биёранд, онҳое ки ӯро хуб намешиносанд. Ба эътирофи аксариҳо ӯ як ҳуқуқшиноси саршинос, инсони дар қавлаш устувор ва ба ҷомеаи шаҳрвандӣ то андозае эътирофшуда ҳам ҳаст. Таҷрибаи бойи корӣ ва олудагӣ ба сиёсатро аз замони майдоннишинӣ то фаъолият дар созмонҳои сиёсии байналмилалӣ дорад. Аз мушкилоти кори сиёсӣ, то дараҷаи маҳбас шудану таҳқир диданро ҳам ошно аст. Агар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба назар нагирем, ҳатто имрӯз ҳам, як инсони шинохтаро ҳар касу нокас осонакак (бо сухани носазое) таҳқир карда метавонад. Ӯ давраеро низ аз сар гузаронидааст, ки шояд беҳтарин ёру ошноҳо дар он ҳолат аз барат мегурезанду аз шиносоӣ бо ту мункир ҳам мешаванд. Ва ҳамчунин замонеро сипарӣ намудааст, ки садҳо одамон ба умеди марҳаматаш ( барои гирифтани грантҳо) кӯшиши бо вай шиносоӣ пайдо карданро намудаанд ва ё аз он ки ӯ онҳоро мешиносад, ифтихор низ кардаанд.Чанд соли охир Ойниҳол Бобоназарова гӯё аз «сиёсати ҳизбӣ» дур гашта, ба иҷрои вазифаи иҷтимоӣ майл кардаву бештар ба масоили ҳуқуқии муҳоҷирин шуғл меварзид. Вале ҳеҷ гоҳе нисбат ба масоили сиёсии ҷомеа бетараф набуд. Ба ҳайси таҳлилгари сиёсӣ ҳамеша назари хоси хешро дар матбуот арзонӣ медошт. Муъҷазтар бигӯем, ба рӯйдодҳои дохилу хориҷ бетараф набуд, ҳарчанд дар сафи пеши «мубориза» — ҳои ҳизбӣ дигар дида намешуд. Дар яке аз мусоҳибаҳои матбуотӣ ҳатто сабаби аз муовинии ҳизби демократ барои рафторҳои ғайридемократии ҳамсафонаш даст кашиданашро низ изҳор дошта буд. Вале имрӯз ба сархати сиёсат баромадани яке аз лидерони овозадори солҳои 92, воқеан барои бисёриҳо ғайричашмдошт буд. Хосса, аз ҷониби наҳзатиҳо ва яке аз лидерони гоҳе пушти пардаву гоҳе ошкори «исломиҳо» Тӯраҷонзода, ки борҳо гӯё аз майдони сиёсат ба гӯшаи тоату ибодат мераваду гаҳе чун ҳавои дар об афтода ҷӯш зада мебарояд, дубора дастгирӣ ёфтани Бобоназарова, воқеан касро ба андеша водор мекунад.Ба иқрори аксари лидерони демократҳо, онҳо «фиреби муллоҳо» ва хосса бозингари сиёсии рақами яки он давра Тӯраҷонзодаро, ки ба унвони яке аз сабабгорони ҷанги шаҳрвандӣ шуҳратёр аст, хӯрда, соли 1992 дар митингҳои осоишта худ нафаҳмида, ба ҷанги бародаркуш даст задаанд. Вале бо гузашти солиёни зиёде боз ба ҳам омадани муллову демократ, муллову сотсиал — демократ, муллову дигар азҳоби сиёсӣ то андозае ба андешаи бархе аз таҳлилгарон ба имиҷи ин зан гӯё халал ворид месозад, зеро Ойниҳол Бобоназарова, ки воқеан шахсият ва чеҳра асту бидуни ҷинсаш метавонист як номзади арзанда бошад, аз чӣ бошад, боз дубора савори киштиест, ки нохудояш ҳамфикри сиёсии ӯ нест. Агар мо ба андешаи худи ин номзад ба ӯ на чун як зан, балки ба як чеҳраи сиёсӣ, шахсият ва профессионал назар кардан бихоҳем ҳам, бо он ки дар интихоби вай исломиҳо ҷинсашро дар мадди аввал мегузоранд, шубҳа накарда наметавонем. ҲНИТ, ки даъвои як ҳизби сиёсии гӯё бо зиёдии аъзояш на танҳо дар ҷои дуюм худро мебинад, ҳатто кӯшиши ҳизби рақами 1 шуданро ҳам дорад, агар занро дар маснади волотарин шинониданист, чаро натавонист, то имрӯз як зани лидере тарбия кунад, ки ақаллан ба ягон вазифаи дуюму сеюмдараҷа низ сазовор бошад? Ин суолҳо ба он хотир аст, ки агар воқеан исломиҳо дар сари давлат будани занонро бад-ин шеваи пешниҳод эътироф медоштанд, чаро бегонае, яъне демократро пазируфтанд? Ин эътироф албатта барояшон осон набуд, зеро гувоҳ аз заъфи онҳост.Каси аз сиёсат дур (хосса аксари онҳое ки дар ҳама форумҳои интернетӣ даъвогарону «андешамандон» — и доимианд) шояд боз ба бозиҳои навбатии лидерони ҲНИТ бовар кунад, шод бигардад, бовар созад, ки: «онҳо замонавӣ шудаанд, ки занро дар мақоми аввал эътироф карда метавонанд». Вале, як назари таҳлилӣ ба ин интихоб рӯшан мегардонад, ки пушти ин бозии навбатии сиёсӣ ва пешниҳоди зан чӣ ҳадафҳост. Таҳлилгарон гӯё аз номзад нашудани Кабирӣ тарси аз даст рафтани бизнесаш ва аз номзадии Раҳматулло Зоир агенти Ӯзбекистон будани ӯ ва фишори дар ҳеҷ ҷо набудаи ҳукуматро далел медонанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё шахси сарсупурда ба сиёсати ҳизбаш метавонад ба хотири манфиати молӣ ва ё се – чор мақолаи танқидии нашрияҳои ҳукуматӣ (ба унвони фишори ҳукумат) аз муҳимтарин маъракаи сиёсӣ худро дур кашад? Оё замоне, ки бозингарони ошкорову пасипардагии майдони сиёсат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмонови ҷавонро ба нияти муваққатан сари қудрат овардану баъдан нобуд кардан ба вазифаи раисиҷумҳур пешниҳод карданд, ӯ ҷони ширин надошт? Ба Эмомалӣ Раҳмон «фишор» не, марги яқин таҳдид мекард. Ба ин ҷавон дар як кишвари ҷангзадаи бе дӯст, бе пуштупаноҳ, ба ҷуз нақшаҳои бозингарони сиёсии байналмилалӣ, ки метавонист бо ин қадар бадхоҳ сарриштаи роҳбариро аз даст бидиҳаду ҳадди ақал ба зудӣ аз мансаб барканор гардад, оё имиҷ даркор набуд? Ба Раҳмонове, ки на утоқи кориву на ҷойи хобе дар маркази кишвар, ки аз ҳар кӯчааш садои тир мебаромад, надошт, на танҳо хатари ҷонӣ, балки тамоми хатарҳои дигар ҳам таҳдид мекарданд, вале ӯ мардона эълом дошт, ки худро фидои ҳамин давлату ҳамин миллат мекунад. Ва ин ҳама дар ҳоле, ки ҳатто миёни 3 вилояти як давлат, се тарҳ, се нақша , се ният, се хадаф ҷавлон мекард, магар ба ӯ осон буд? Ин ҳам дар ҳоле буд, ки саркардагони вилоятии дар фикри ҷудо шудан аз Тоҷикистон ва онҳое, ки дар сар андешаи пайвастан ба ҳамсояҳоро доштанд, танҳо ба як хотир ӯро ба дами сӯзони «амбразура» — и хеш партофтанд: «Шахси аввал ҳатман дар ин ҷанг қурбон мешавад, вале он поён меёбад. Ана баъд мо сарвариро ба даст мегирем». Вале он давра касеро парвои ҷони оне набуд, ки имрӯз бо ҳама он ҷоннисориҳояш дигаре баҳонае наёфта, гӯё гила аз 20 — соли сари қудрат буданаш мекунанд?.. Ва чаро аз худ суол намекунанд, ки 20 — сол онҳо низ чун аҳзоби сиёсӣ баробари ӯ фаъолият доштанду чӣ коре барои ин марзу бум ва ин мардум карданд? Ақаллан барои хеш дар ин муддат як лидере наёфтанд, ки имрӯз бо дили пур сари минбар бароварда бигӯяед: «Ин аст номзади мо дар баробари номзади дигаре, агар он Эмомалӣ Раҳмон ҳам бошад. Сазовор асту ҳатман дар интихобот ғолиб меояд». Вале шахси ба худ эътимоднадошта, ҳамеша пеш аз кореро кардан, нахуст кӯшиши исботи бегуноҳӣ мекунад. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва нашрияҳои зери сарпарастии онҳо ҳанӯз аз аввали соли 2013 «валвала» — и номзадии ҳанӯз эълоннашудаи Эмомалӣ Раҳмонро бапо доштаву мардумро ба иштибоҳ меандозанд, ки интихобот ҳатман ғайришаффоф мегузарад, зеро хуб медонанд, ки дар ҳамаи 7 ҳизби сиёсӣ як одами обрӯманде надоранд, ки эътимоди ақаллан 10 % — и ҷомеаро сазовор бошад. Пас, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳизббозиҳо ва «манёврҳо» — и соддалавҳонаи сиёсии оппозитсиюни мо хандааш намеомад, онҳоро ақаллан каме дастгирӣ намекард?.. Охир ҳамин аст, ки 20 – сол боз бо истифодаи калонтарин грантҳои хориҷӣ ва ба тамоми олами мутараққӣ бурдану омӯзонидани намояндагони оппозитсиюн ҳам, дарахти бе решаи «сиёсатбозӣ» — и эшон мевае ба бор намеорад.Тазодро бубинед, ки аз 7 ҳизби ба истилоҳ оппозитсионӣ 6 –тоаш давлати моро исломӣ дидан намехоҳанд, вале гӯё ҲНИТ ба қавли мубаллиғонаш боз «лидирующий» ҳизб аст, куҷост мантиқ? Дар асл оё ҳизбе, ки идеологияи ӯро ҳатто худи мусулмонон ба ҳайси идеологияи сиёсӣ ва давлатӣ қабул кардан намехоҳанд, оё метавонад даъвои ғолибият дар интихоботро дошта бошад? Мантиқ куҷост, азизон?То имрӯз ба нахустин номзад ба интихоботи президентии соли 2013 аксаран аз рӯйи эҳсосот баҳо додаву ҳанӯз аз «шокӣ» — и зан будани ӯ набаромадаанд.То ҳол касе аз ин гашти тахтаи шоҳмоти Тӯраҷонзода (на Кабириву Зоиров) чӣ интизорӣ доштанашонро иқрор нашудаанд. Шояд наметавонанд ҳатто ҳадс бизананд. Вале яқин аст, ки яке аз «яроқҳои идеологӣ» — и Тӯраҷонзода — Абдуқаюми Қаюмзодро, ки то дирӯз сӯйи Амрико саҷда мекарду имрӯз бо он судбозӣ дорад, ба симмати сухангӯйи номзад баргузидан бесабаб нест. Ин ҳатто ишора не, балки рӯирост нишон додани он аст, ки дойранавози марказии ин «гулбазм» — и бардурӯғи интихоботӣ кӣ хоҳад буд.Дар шабакаҳои интернетӣ сурати яке аз лидерони ҲНИТ Тӯраҷонзодаеро, ки замони узви Маҷлиси миллӣ будан пурра мункири лидери ин ҳизб буданаш гашта буд, мебинем, ки ба номзади ягона Ойниҳол Бобоназарова дуо медиҳад. Аҷиб аст, ки Тӯраҷонзода, ки дасти дуои 22- сол муқаддам бардоштааш, то имрӯз, хушбахтона мустаҷоб намегардад, боз «қартаи занона» — ашро такрор мекунад. Боз Гулрухсору Ойниҳолу Соҷидаву Зеварҳоро ба майдони базмаш мекашаду пушти номи ҷинси зан, ки чун анъана танҳо дар бозиҳои сиёсӣ аз онҳо истифода кардану баъд онҳоро аз маърака берун партофтан хоси ӯст, чӣ ҳиллаи сиёсиро ба кор бурданист, худ қазоват кунед, зеро таҷриба ин аст, ки бо гузашти вақт, ӯ боз ҳам пушти номи ҳамин занҳои замоне ҳамсафаш бозиҳои дигареро низ ба сабқат гузоштаву худ ноком гаштааст. Барои Тӯраҷонзодае, ки тибқи ташвиқоташ зан бояд пояшро бе иҷозати шавҳар аз хона берун наниҳад, ба «сафи аввал» баровардани занон дар ҳолати зарурӣ таҷрибаи нав нест. Замоне Гулрухсорро «модари миллат» гардонидану Соҷидаи кӯлобиро душмани рақами яки кӯлобиҳо намудан аз тарҳҳои беояндаи ӯ, ба он оварда расонид, ки ин бонуҳо гуреза шуданду агар ба дасти мардуми он замон шӯрида меафтиданд, зинда намемонданд. Чандин қумондони кӯлобӣ ба хуни Соҷида ташнаву ва садҳо мардони «модари миллат» — ро барои ба қатл расонидан ҷӯянда, то ҳол ҳам гӯё ба дил ором нагаштаанду бо шунидани номи эшон ҳақораташон мекунанд. Ва маҳз ҳамин Тӯраҷонзода қариб ним сол аст, ки қартаи ҳамҳамадори навбатиро гирди номи Соҷидаи Мирзо, ки акнун бо оҳанги нави ин «эшони сиёсӣ» ба унвони «кӯлобӣ, маҳалчӣ ва дар хидмати ҳукуматбуда» расонаӣ гашта буд, гардон кардааст. Ин ҳама танҳо ба хотири ҳамшаҳрӣ ва сухангӯйи «бастӣ» -аш дар радиои Озодӣ — Қаюмзод асту домулло аз ин шарм ҳам намекунад, ки мардум гӯл нестанд, ки маҳалчӣ кист. Ӯ ин маъракаи беобрӯро тавонист дар тамоми нашрияҳои чопиву интернетӣ, то дер ба по бидорад. Вале хушбахтона, аврупоиҳо ба ин қартаи «маҳал» — и Тӯраҷонзода эътиборе надода, касбияти кормандашонро авлавият дода, ба осиёби гардони «Қаюмов + Тӯраҷонзода» зери навои «кӯлобӣ + ҳукуматӣ» на танҳо об нарехтанд, балки туф ҳам накарданд.Ба эътирофи худи Гулрухсор, то имрӯз ягон ҷашну маъракаи давлатие нест, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан таваҷҷуҳашро ба ин шоираи воқеан тавоно изҳор накарда бошад. Ҷое, ки Гулрухсор ҳаст, Эмомалӣ Раҳмон ҳатман бо ӯ самимона салому суҳбат мекунад, ҳол мепурсад. Вале 20 соли охир наҳзатиҳо Гулрухсори табиатан озодро дигар сатрпӯшу «байрақ»- и бозиҳои сиёсии хеш карда натавонистанд ва наметавонанд ҳам, зеро гирди номи занони номдор бо чӣ ҳадаф гаштани бозингарони сиёсӣ барои ҳар шахси соҳибхирад пӯшида нест. Акнун Тӯраҷонзода дар маҷлиси пешбарӣ «фишка» — и ғайримунтазираи интихобкунандагон Ойниҳоли демократро «дуои ғолибият» медиҳад. Такрор мекунам, «хайрият, ки ин дуо, тӯли зиёда аз 20 сол мустаҷоб намешаваду «ҳокимияти интрига» дар Тоҷикистон сари қудрат намеояд, вагарна вой бар ҳоли ин миллат буд, бо он «лидерон» — и «мусулмонаш», ки то имрӯз кӣ будану ба чӣ қодир буданашонро мардум хуб фаҳмидааст. Вале, вақте ки ибораи ғалабаи «хиради мардум» дар сулҳу субот истифода мешавад, ин маънои ҳазорон не, миллионҳо нафарони соҳиби андешаи солимро дар худ мегирад, ки хушбахтона, имрӯз онҳо дар Тоҷикистон на як ё ду миллионанд ва кӣ будани ин «эшони сиёсӣ» — ро хуб медонанд.Мо тоҷикон домони модарро биҳиште барои фарзанд медонем, вале мардҳое, ки пушти домони зан панаҳ мебаранд, онҳоро номард ҳам мехонем.Агар ба андешаи лидерони ИНИТ номзад ба президентӣ «қурбонӣ» — ест, яқин сари қудрат намеояд, пас чаро занҳоеро, ки то имрӯз дар ин «муборизаҳои сиёсӣ» номашон «ради галочка» гоҳо истифода мешаванду вақти тақсимоти 30 % номашон гум, имрӯз боз чун солҳои 90 қурбон накунанд? Ойниҳол Бобоназароваи аз лиҳози ақлу дониш ва кордонӣ пазируфташуда, чаро тӯли солҳои муовини сарвазир будани Тӯраҷонзода, аз ҷониби ӯ боре ақаллан ба плани дуюм ҳам бароварда нашуду имрӯз бо интихоби вай ба чунин мақоме сазовор дониста шуд? Суолест матраҳ, албатта! Лидерони ИНИТ, ки ҳатто миёни худ ба як маслиҳат омада наметавонанду оппозитсияе, ки дар симои Атовуллоеви беқолаб ҳатто ҳамсафони хешро ҳақорат мекунад, оё метавонад халқи Тоҷикистонро бовар кунонад, ки сазовори сарварии ин кишваранд? Оё мардуми орому осудаи ин мамлакати нав ба тараққиёт пойгузошта ба он бовар карда метавонанд, ки дар мисоли ИНИТ «демократи дунявӣ» бо «мазҳабии ухравӣ» ҳамфикру пешбарандаи як сиёсатанд? Ё мо боз бояд интизор шавем, ки ин гуруҳчаҳои парешони бе як лидери обрӯманд, кай ба ҳам меоянду моро ба куҷо мебаранд? Оё роҳеро, ки Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар кардаву баъди бартараф кардани вайронаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ба эътидол оврдани ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ нав гомҳои устувор гузоштан дорем, пушти сар мондаву боз ба «сари хат» баргашта, бо як тӯда сиёсатбозоне, ки худашон чӣ хостанашонро намедонанд, бовар карда метавонем? Демократияи Ойниҳол Бобоназарова, ки ҳатто сотсиол — демократ Р. Зоиров ва сотсиалист Абдулҳалим Ғаффоров қабулаш надоранду хилофи 90 дар сад равияҳои исломист, шояд Кабириву Тӯраҷонзодаро аз ришу салла ва ҷелаку ҷома боз ба галстуку костюм баргардонида натавонад, магар ИНИТ – ро як «кабина» — и ҳукуматӣ карда метавонад? Ё боз аз: «Ойниҳол ба зиндон» — у «Тӯраҷонзода ба майдон?» — ро умед дорад он оппозитсиюне, ки бори дигар заъфи хешро дар пешбарии номзадашон ба мансаби президентӣ, бо дасти худ, бо пушти имиҷи гузаштаи зане панаҳ бурдан, собит кардаанд?Ба як об ду бор даромада намешавад, вале «демократ» — ҳоро чӣ шуда, ки дубора ба наҳзатиҳо тақдири хешро бовар кунанд?Номзади арзанда надоштани ҳамаи 7 ҳизби сиёсӣ дар маҷмуъ чун рӯз рушан аст, вале чӣ кунем, ки барои тамошобинони саҳнаҳои сиёсии байналмилалӣ «трагедия» ё «комедия» — еро бояд рӯи саҳна овард, то фардо он режиссёрони муфтхӯри сиёсӣ бе саллаву ҷома намонанд?Номзадии зан ба мансаб дар тамоми ҷаҳони мардсолор танҳо ба хотири бозиҳои сиёсист. Онро чӣ бо сухани Пайғамбар « будани биҳишт зери қудуми модарон» ороиш бидиҳему чӣ бо сиёсати гендерии кулли президентҳои ҷаҳон, ки дар ҷойи дуюму сеюм ва ё парлумон барояшон базӯр квотаҳо ҷудо кардаанд.Он ақидаи баъзеҳо дар матбуот, ки гӯё ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз омода нест, ки занро дар маснади президентӣ бубинад, низ на бештар аз як сухани мардонае барои аз ҳақиқат гурехтани мусоҳибони журналистон асту бас. Ҷомеаи моро зарур аст, ки ақли солимро ба кор андозаду дигар фирефтаи бозиҳои сиёсии «актёрҳо» — и бариши саҳнаи сиёсат нагардад, бо хиради азалӣ дар интихоботи қарибулвуқуъ президенти хешро интихоб кунад, нафареро ба сарварӣ баргузинад, ки ақли солим ӯро раҳбарӣ мекунад, на ҷинсу ҳизб. Интихоби президент барои 7 соли оянда маънои интихоби зиндагии шоиста, интихоби бақои миллат ва рушди давлат, интихоби шукуфоии ватан ва эътирофи тоҷиконро чун миллати солимтафаккур дар арсаи олам дорад. Ин интихобест, ки зери раҳбарии хиради сиёсии инсони комиле барои ба пеш рафтан аст. Интихоби шумо, раъйест, ки ба хотири фардои рӯшани хеш хоҳед дод ва агар интихобкунанда бо ақли хеш сарварашро интихоб кунад, фардо аз касе домангир нахоҳад шуд.Таърих собит кардааст, ки мардум он сарвареро интихоб мекунад, ки сазовори он аст. Сазовортарин касро бо тақозои ақл бипазиред, то фардо пушаймониатонро бо баҳонаҳои ночиз ба сари дигарон бор накунед. Нагузоред, ки бо ҳуқуқҳои сиёсии шумо бозӣ кунанд. Комилҳуқуқу соҳибихтиёр бошед, зеро баъди 22 соли мустақилият хатои сиёсӣ кардан дар интихоби пешвои худ бахшоянда нест.Муҳаббат Давлатзод