Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии ИДМ

Сентябрь 26, 2013 11:35

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 26 сентябр, дар Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, аъзои Шӯро ҷараёни иҷрои барномаҳои ҳамкории давлатҳои ИДМ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм ва зуҳуроти дигари зӯроварии ифротталабон, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, одамрабоӣ барои солҳои 2011 – 2013 ва муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012 – 2014 – ро таҳлил менамоянд. Ғайр аз ин дар ҷаласа амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалии давлатҳои аъзои ИДМ дар бахши мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои такмили ин кор тадбирҳо андешида мешаванд.Аъзои Шӯро ҷараёни иҷрои дурнамои кор барои солҳои 2011 – 2013 ва лоиҳаи дурнамои фаъолият барои солҳои 2014 – 2018, амалияи фаъолияти мақомоти прокуратура дар амри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон берун аз ҳудуди давлаташонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ барои мӯҳлати навбатӣ интихоб гардида, замону макони доир намудани ҷаласаи навбатӣ муайян карда мешавад.

Сентябрь 26, 2013 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид