Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 22-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар».-Имрӯз дар толори бузурги Кохи Борбад ба истиқболи солгарди 22-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Ин тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, аҳли толор ва мардуми кишвар ва ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 22-юми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфт.Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, маҳз Истиқлол аст, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон сарнавишти имрӯзу ояндаи худро ба дасти хеш гирифтанд.Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз рӯзҳои мудҳиши солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб, хусусан ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми садаи гузашта ва мушкилоти сангини ба сулҳу созиш овардани ду ҷониб, мардуми кишварро ба қадрдонӣ аз фазои орому осуда ва рушди бонизоми имрӯза даъват намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро тайи солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2013 дар ҳаҷми 42,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2000 19 баробар зиёд мебошад. Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон ба андозаи 12,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз буҷети соли 2000 48 баробар беш аст. Дар ҳамин муҳлат маблағгузории давлатии соҳаҳои иҷтимоии кишвар аз 35 то 55 баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 2000 то соли 2012 ба 38,3% кам карда шуд. Таъкид гардид, ки тибқи нақшаҳои минбаъда тайи чанд соли оянда сатҳи камбизоатӣ бояд то ҳадди 31% коҳиш дода шавад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “таъмини зиндагии шоиста барои мардум дар тамоми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳадафи волои давлат буд ва минбаъд низ чунин хоҳад буд”.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии кишвар ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли равон баргузор мегардад, ёдовар шуда, аз касоне, ки номзадии худро ба ин мақоми воло пешниҳод карданианд, даъват намуд, ки фарҳанги волои сиёсиро риоя намуда, ин маъракаи муҳимро ба майдони моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ табдил надиҳанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун интихоботҳои пешин шаффофу демократӣ баргузор гардида, мардуми кишвар озодона ва бо иродаи хеш роҳбари ояндаи худро интихоб мекунанд.Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ ва давлати мустақилли Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд намуд ва ҳамеша пос дошт.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






