Ҷашни Истиқлолият дар «Наврӯзгоҳи пойтахт»

Сентябрь 6, 2013 14:14

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзи 9- уми сентябри соли равон бахшида ба 22- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» намоиши театришуда баргузор мегардад. Дар ин чорабинии бошукуҳ иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст. Тавре ки Шавкат Саидов, сухангӯи дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр хабар дод, саҳнагузории ин барномаи фарҳангӣ таҳти роҳбарии Убайдулло Раҷаб, Ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ доир мегардад. Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур ба ухдаи шаҳрдории Душанбе вогузор шуда, инчунин ҳунармандони машҳуру соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ низ бо савту навои дилфиреб хотири иштирокдоронро шод мегардонанд.

Сентябрь 6, 2013 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш