Ҷавоби КМИР ба баъзе андешаҳои Бобоназарова О
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — КМИР изњороти номзад ба мансаби Президенти ЉТ – Ойнињол Бобоназароваро мавриди баррасї ќарор дода, чунин баён медорад, ки љињати рафъи монеасозии сунъии бархе аз маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањру ноњияњо зимни љамъоварии имзоњо ва дар маљмуъ барои баргузории интихоботи озод, шаффофу демократї ва мутобиќ ба муќаррароти ќонунњои амалкунандаи кишвар, њамчун маќомоти ваколатдори давлатї оид ба баргузории интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон бо тамоми масъулият тадбирњои заруриро оид ба иљрои даќиќ ва татбиќи якхелаи Ќонуни конститутсионии ЉТ “Дар бораи интихоботи Президенти Љумҳурии Тоҷикистон” дар ќаламрави кишвар андешида истодааст. Дар мавриди андешаи Ойнињол Бобоназарова оид ба гуё риоя нагардидани њуќуќњои муњољирони мењнатї, ќайд намудан зарур аст, ки КМИР дар ягон маврид њуќуќњои интихоботии муњољирони мењнатиро мањдуд накардааст. Баръакс комиссия тамоми тадбирњоро андешида истодааст, то шумораи муњољирони мењнатї даќиќ шуда, ширкати фаъолонаи онњо дар интихобот таъмин карда шавад. Мањз ба чунин хотир дар 24 шањри калонтарини Федератсияи Русия участкањои интихоботї таъсис дода шудааст, ки дар муќоиса ба интихоботи парлумонии соли 2010 се маротиба зиёд мебошад. Дар мавриди иљозат надодан барои љамъоварии имзоњои муњољирони мењнатї барои дастгирии номазади ба мансаби Президент пешбаришуда, КМИР чунин иброз менамояд, ки ин ќоида талаботи КМИР набуда, балки аз муќаррароти Ќонуни конститутсионии ЉТ “Дар бораи интихоботи Президенти Љумҳурии Тоҷикистон” бармеояд ва аз љониби њама бояд риоя карда шавад. Яъне ќонун љамъоварии имзоњоро танњо дар њудуди љумњурї муайян кардааст. Љамъоварии имзоњо дар хориљи кишвар хилофи ќонун буда, њамзамон эњтимолияти сохтакориву таќаллубкории имзоњоро аз љониби гурўњњои манфиатдор хеле зиёд менамояд. Дар хусуси аќидаи хонум Бобоназарова оиди љалби намояндагони њизбњои сиёсї ба комиссияњои њавзавї ва участкавї, КМИР баён медорад, ки чунин тартибро Ќонуни конститутсионии ЉТ “Дар бораи интихоботи Президенти Љумҳурии Тоҷикистон” пешбинї накардааст. Доир ба масъалаи мазкур њатто мавќеи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ низ маълум мебошад. Бояд ќайд намоем, ки иддао оид ба он ки гуё дар сурати ба њайати комиссияњои интихоботї ворид намудани намояндагони њизбњои сиёсї манфиатњои њамаи субъектони интихобот баробар намояндагї мегардад, комилан ѓалат мебошад. Чунки дар баробари њизбњои сиёсї, ќонунгузорї ба дигар субъектон низ њуќуќи пешбарї намудани номзадњоро додааст, ки дар чунин сурат манфиатњои онњо бе намоянда мемонад. Њамзамон ба таври махсус хотиррасон карда мешавад, ки аз шумораи умумии интихобкунандагони љумњурї њамагї камтар аз 10%-ашон аъзои њизбњои сиёсї мебошанд. Мувофиќан, интихобкунандагони ѓайрињизбї зиёда аз 90%-и интихобкунандагонро ташкил медињанд, ки дар ин сурат манфиатњои онњо низ халалдор мегардад. Хотиррасон менамоем, ки комиссияњои њавзавии интихоботї оид ба интихоботи Президенти ЉТ танњо аз њисоби намояндагони соњаҳои маориф, тандурустї, фарҳанг, раисони маҳаллаҳо ва собиќадорони мењнат ташкил карда шуда, дар ягон маврид мансубияти њизбии онњо ба эътибор гирифта намешавад. Иддао оид ба он, ки гўё њайати комиссияњо аз њисоби аъзои ЊХДТ таъсис дода мешаванд, беасос ва бедалел мебошанд. Маркази матбуотии КМИР








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






