ҶСК «Тоҷик Эйр» интиқоли зоиринро оғоз мекунад
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ — 2013» 21-уми сентябр интиқоли зоиринро ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шуруъ менамояд. Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти Арабистони Саудӣ дар ҳавопаймои Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гуруҳи зоирин иборат аз 210 нафар аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Мадина интиқол дода мешаванд. Соли ҷорӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбря то 1-уми октябр бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зоиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад ва аз санаи 19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни Тоҷикистонро ба ватан бармегардонад. Дар маҷмуъ ҶСК «Тоҷик Эйр» 2730 нафарро барои иҷрои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистонӣ Саудӣ интиқол медиҳад, ки ин 40%-и маҷмўи умумии зоирини Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






