Ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамкории судманд

Сентябрь 6, 2013 11:06

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дирӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев ва директори «POOYESH COSTAR SANAT Co» (Пуеш Костар Санат Ко) – и Эрон Муҳаммад Акбарӣ баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Асаналӣ Карамалиев аз мақому фаъолияти палата ва имкониятҳои зиёди энергетикию ҷумҳурӣ нақл карда, ба меҳмон тавсия дод, ки имконияти дар ҷумҳурӣ сохтани корхонаи таъмири таҷҳизоти гидроэнергетикиро баррасӣ намуда, ҳамчунин бо намояндагони Вазорати энергетика ва саноат ва ҶСХК «Барқи тоҷик» вохӯрад. Муҳаммад Акбарӣ дар навбати худ зикр намуд, ки ширкаташ узви Синдикати энергетикии Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо Ҷумҳурии Федералии Олмон, Ироқ, Афғонистон ва Озарбойҷон ҳамкорӣ намуда, дар ҷазираи Киши Эрон корхонаи фаръӣ дорад.

Сентябрь 6, 2013 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш