Анвар Юнусов дар Душанбе тамрин дорад

Сентябрь 27, 2013 11:33

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Шуруъ аз имрӯз, 27 сентябр Анвар Юнусов ҷиҳати такмили маҳорату малакаи варзишии худ дар шаҳри Душанба тамрин мекунад.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, Анвар Юнусов, варзишгари тоҷик дар риштаи бокс, чемпиони якчанд мусобиқаи АвруОсиё ва инчунин иштирокчии Бозиҳои олимпии Шанхай-2008 ва Лондон-2012, бо мураббиаш Мирзо Шамсов ба ҷамъомади машқиву таълимии варзишӣ фаро гирифта мешавад. Тамрини Анвар то 10-уми октябри соли равон идома хоҳад кард.

Сентябрь 27, 2013 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш