Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ
Душанбе, 23 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:«Бародари азиз АълоҳазратХодими ҳарамайни шарифайнМояи сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии иди миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатию саломатӣ, комёбӣ ва ба мардуми ба мо бародари Арабистони Саудӣ рушду пешрафти бардавом орзу намоям.Мо дар Тоҷикистон нақши пешвоёнаи Шуморо дар эҷоди муколамаи мутамиддини созанда ва ҳамкории самарабахш байни давлатҳо ва миллатҳо баланд арзёбӣ намуда, ба дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба байни кишварҳоямон, ки дар маърази таваҷҷуҳи Шумо қарор доранд, бо назари нек менигарем.Мутмаинем, ки ин равобити умедбахш манфиатҳо ва ормонҳои муштараки моро баҳри рифоҳу шукуфоии бештар таҷассум менамоянд»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






