Баррасии амнияти Афғонистон ва минтақа дар ДМТ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова).- Дар доираи корҳои илмию фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тӯли ду рӯз дар факултети муносибатҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур конфронси илмию назарӣ дар мавзӯи «Афғонистон ва амнияти минтақа» баргузор гардид.Тавре ки дар ин бора аз факултети мазкур хабар доданд, дар конфронс донишҷӯёни донишгоҳи Элмит Шмидти Гамбурги Ҷумҳурии федеролии Олмон, донишҷӯёни донишгоҳи Бишкек ва Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи Ӯзбекистон иштирок карда, оид ба ҳамкориҳои минбадаи байналхалқӣ маърӯзаҳо намуданд.Гуфта мешавад, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои мазкур баъди ин конфронс аз марказҳои фарҳангӣ ва таърихии пойтахт ва шаҳри Хуҷанд дидан намуда, баъдан кори худро дар Бишкек идома хоҳанд дод.Ба иттилои манбаъ, ин барномаи аввалини ҳамкориҳои ДМТ дар чорчӯбаи ҳамкориҳои DAAD-и Ҷумҳурии федеролии Олмон мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






