Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ бо намояндагони БИР
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов имрӯз бо ҳайати намояндагони Бонки Исломии Рушд (БИР) оид ба соҳаи кишоварзӣ тахти сарварии Директори Департаменти кишоварзӣ ва рушди деҳоти БИР Демба Ба, ки бо мақсади гузаронидани вохӯриҳо бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баррасии афзалиятҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин ҷода, имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷониба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, вохӯрӣ доир намуд.Дар вохӯрӣ тарафҳо ҷараёни ҳамкориҳои миёни Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот, ҳамзамон имкониятҳои вусъати онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Раиси Кумита оид ба ҳамкориҳои тарафайн маълумоти мухтассар пешниҳод намуда, онҳоро ҳамчун Мудири Бонки Исломии Рушд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки Бонки Исломии Рушд яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба шумор меравад, ки тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок дар рушд ва барқароркунии соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, ба монанди соҳаи энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ, маориф саҳми арзанда мегузорад.Директори Департаменти кишоварзӣ ва рушди деҳоти БИР зикр кард, ки дар натиҷаи афзоиши сармояи бонк, ки бо қарори Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд ҳангоми баргузории вохӯрии 38-уми солонаи он дар шаҳри Душанбе моҳи майи соли 2013 қабул гардидааст, бонк имконият ба даст овардааст, ки лоиҳаҳои бештарро дар кишварҳои аъзо маблағгузорӣ намояд. Дар ин замина, Демба Ба омодагии ҳамаҷонибаи бонкро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти маблағгузории лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон иброз намуд.Вобаста ба ин, раиси Кумита пешниҳод намуд, ки баҳри тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар ҷодаи рушди деҳоти ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз таҷрибаи Бонки Исломии Рушд ва маблағгузории имтиёзноки он, ҳамкории зич миёни бонк ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба роҳ монда шавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






