Боздиди Қ. Расулзода аз ҷараёни сохтмони мактаби нав дар Исфара

Сентябрь 27, 2013 08:44

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар раиси вилоят нахуст бо ҷараёни сохтмони бинои мактаби нав дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Чоркуҳ шинос шуд. Зикр шуд, ки то имрӯз дар ин деҳа мактаби алоҳида мавҷуд набуда, хонандагон бо тай намудани қариб 3 километр роҳ дар мактаби № 27-и ҷамаоти Чоркуҳ таҳсил менамуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бинои сеошёнаи мактаби нав бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, аз 12 синфхонаи барҳаво иборат аст. Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он ҶДДМ «Ширкати сохтмонии Исфара» мебошад. Роҳбарияти мактаб дар ҷараёни суҳбат бо раиси вилоят изҳор доштанд, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои таълимӣ дар ду баст 720 нафар ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол корҳои асосии сохтмон ба анҷом расида, корҳои ободонии атроф ва шинонидани ниҳолҳои ороишӣ идома доранд.

Сентябрь 27, 2013 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш