Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи кишоварзӣ дар Ҷиргатол
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар фурудгоҳи ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва аҳли ҷамоатчии ноҳия бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.Аз ҷониби кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҷиргатол намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.Хоҷагиҳои инфиродии ноҳия дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, ғалладонагиҳо, намудҳои гуногуни сабзавот аз ҷумла картошка ва гиёҳҳои шифобахшро ба маъраз гузоштанд. Тавре маълум гардид кишоварзони ноҳияи Ҷиргатол бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаро сол то сол васеъ намуда, аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меоранд. Ҳосилнокии майдони картошказор дар ноҳияи Ҷиргатол зиёда аз 300 сентнерро ташкил дода, деҳқонон аз кишти ғалладона дар заминҳои обӣ 50 сентнер ва лалмӣ 30 сентнер ҳосил рӯёниданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишоварзонро ҳидоят намуд, ки барои гирифтани ҳосили барзиёд ба интихоби тухмӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва бо ин восита метавонанд аз кишти зироатҳои кишоварзӣ аз ин ҳам бештар ҳосил гиранд.Шароит ва иқлими ноҳияи Ҷиргатол барои парвариши картошка ва боғпарварию чорводорӣ мувофиқ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия нақша доранд дар соли 2013-ум истеҳсоли картошкаро ба 100 ҳазор тонна расонанд.Дар намоишгоҳ намунаи олии маҳсули меҳнати кишоварзони ноҳияи Ҷиргатол, аз ҷумла навъҳои беҳтарини картошка, пиёз, полезиҳо, пешкаш гардида буд, ки ду дона картошка беш аз 1 килограм вазн дошт.Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ маҳсули меҳнати занбури асалпарварон, чорводорон ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҷиргатол назаррас буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






