Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тақозои Венесуэло Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Ҳукумати Венесуэло аз Амрико тақозо дорад, барои бастани роҳи ҳавоии ҳавопаймои Президенти ин кишвар ва раво дидани ин амал посух диҳанд. ВКХ Венесуеэло ин амалро таҳқири ҷиддӣ унвон кардааст. Президенти Боливия Эво Моралес бинобар сар задани чунин ҳодиса сафирони Амрикои Лотиниро аз Амрико бозпас хондааст. Конфронси энергияи атомӣДушанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Зимни баргузории 57-умин Конфронси солонаи Агентии байналмилалии энергияи атомӣ 11 кишвар ба унвони узви ҷадиди шӯрои ҳокими ин агентӣ барои солҳои 2013-2015 интихоб шуданд.ҶМЧ ва Африқои Ҷанубӣ ба хотири 15-умин солгарди барқарории муносибати ҳамкории дуҷониба симпозиуми илмӣ баргузор намуданд. 87 нафарро ба ҳалокат расонданд Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар штати Борна, воқеъ дар қисми шимолу шарқии Нигерия силоҳбадастони гуруҳи «Боко Ҳарам» бар асари як ҳамлаи мудҳиш 87 нафарро ба ҳалокат расонида, даҳҳо каси дигарро маҷруҳ намуданд. Дар ин миён низомиёни давлатӣ ва аҳолии осоишта низ ба қайд гирифта шудаанд. Ихтисор ширкати«Эйр-Франс»Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Ширкати ҳавопаймоии «Эйр-Франс»-и Франсия нақша дорад, ки боз 2 ҳазору 800 нафар корманди худро ихтисор кунад. Феълан дар ширкати мазкур 49 ҳазор нафар фаъолият менамоянд. Тибқи иттилои расида дар давоми шаш соли охир ширкати «Эйр-Франс» зарари молиявии зиёд дидааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






