Чорабинии зиддинашъамандӣ дар ноҳияи Ғончӣ

Сентябрь 17, 2013 10:30

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Рӯзҳои истироҳат дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ғончӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) чорабинии зиддимухаддиротӣ доир шуд. Раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилов дар бораи падидаҳои номатлуб, аз қабили нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ сухан гуфта, таъкид кард, ки мардум бояд ҳамкориро бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мазкур пурзӯр намоянд.Дар чорабинӣ ҳамзамон дар мавзӯи «Нашъамандӣ ва зарари он» викторина доир гардида, иштирокчиён ба саволҳои «Сабабҳои истеъмоли мухаддирот» ва «Аломатҳои зоҳирии нашъамандӣ» посухҳо доданд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз АНМН хабар доданд, чунин чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар дигар ноҳияҳои вилояти Суғд низ баргузор хоҳанд гашт.

Сентябрь 17, 2013 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш