Дӯстии адибони тоҷику рус зиёд мегардад

Сентябрь 17, 2013 14:16

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китобҳои «Он ҷое, ки офтоб тулуъ ва ғуруб мекунад» иборат аз ашъори шоираи машҳури муосири рус Валентина Сергеева ва Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ва «Айёми гули бодом» намунаҳои ашъори Валентина Сергеева ва Анастасия Андреева баргузор гардид. Бояд гуфт, ки «Айёми гули бодом» унвони рамзии ин маҷмӯа буда, он аз баҳори муносибатҳои дӯстии адибони тоҷик бо эҷодкорони шаҳри таърихии Санкт — Петербург мужда медиҳад.Китоби мазкур бо хати форсӣ ва кириллӣ, инчунин бо забони русӣ ва точикӣ дар нашриёти «Истеъдод» ба табъ расидааст. Маҷмӯаи ашъори дигар бо унвони «Он ҷое, ки офтоб тулуъ ва ғуруб мекунад» аст, ки ба қалами Валентина Сергеева ва Зулфия Атоӣ тааллуқ дорад ва дар Санкт — Петербург рӯи чоп омадааст.

Сентябрь 17, 2013 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш