Дарёфти 23 кило афюн аз пинҳонгоҳи мошин

Сентябрь 25, 2013 09:06

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрванд Чамшед Баротов, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Шӯрообод дастгир шуд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳангоми азназаргузаронии мошини шахсиаш, тамғаи «ВАЗ-2121» аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 килою 740 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию тафтишотии иловагӣ муайян карда шуд, ки маводи нашъадори дарёфтшуда ба шаҳрванд Зариф Сафаров, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Шӯрообод тааллуқ доштааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш ҷараён дорад.

Сентябрь 25, 2013 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш