Дастаи ФФТ- барандаи Ҷоми футболи клуби “Истиқлол”
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар дидори финалӣ бо тими ширкати “Вавилон” пирӯз гардида, барандаи Ҷоми футболи клуби «Истиқлол» гардид.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дастаи ФФТ дар дидор рақибашро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, соҳиби Ҷом шуд. Бозии мазкур шоми дирӯз, 5-уми сентябр дар майдончаи варзишии болопӯшидаи Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардида, дар он шумораи зиёди мухлисони дастаҳо ҷамъ омада буданд. Баъди анҷоми қувваозмоӣ раҳбарият ва футболбозони бошгоҳи “Истиқлол” ғолибони мусобиқотро бо медалҳои тило қадр қарда, ба онҳо Ҷом ва 40 ҳазор сомонӣ тақдим карданд. Ба дастаи ширкати “Вавилон”, ки дар дар ҷои дуюм қарор гирифт, нишонҳои нуқрагин ва 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






