Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 117 — ум

Сентябрь 16, 2013 11:07

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи байналмилалии футбол ҷадвали навбатии мақоми дастаҳои мунтахаби миллиро дарҷ намуд. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали зикршуда нисбат ба моҳи гузашта се сатр поён рафта, акнун бо 281 хол ҷойи 117 — умро ишғол менамояд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар байни дастаҳои миллии Осиё чун пештара мақоми 15 — умро касб намудааст. Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи 11 – умро ишғол намуда, аз дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон пеш гузаштааст.

Сентябрь 16, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш