Дастаи варзишгарони тоҷик соҳиби 5180 хол гардид
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Рӯзи 19 сентябр, яъне дар рӯзи дуввуми мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ аз яроқи пневматикӣ мусобиқа байни занҳо баргузор гардид. Дар он варзишгарзанон аз рӯи машқҳои МП-4 ва ВП -4 қувваозмоӣ намуданд. Тавре ки котиби матбуотии Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ Абдурақиб Қодиров хабар дод, дар ин рӯз аз рӯи машқи МП-4 ҷои якумро бо 290 хол варзишгарзани рус Маргарита Семенова, ҷои дуввумро бо 286 хол Екатерина Курепина аз Федератсияи Русия ва ҷои сеюмро варзишгарзани тоҷик Галина Рашидова бо 280 хол ишғол намуданд. Аз рӯи машқи ВП-4 ҷои дуввум ва сеюм насиби варзишгарзанони рус Анна Крелиева бо 386 хол ва Олга Зернова бо 385 хол гардид. Дар ин рӯз ҷои аввалро варзишгарзани қирғиз Елена Исмоилова бо 389 хол соҳиб шуд. Имрӯз мусобиқаро боз мардон идома хоҳанд дод. Онҳо аз рӯи тирандозӣ бо туфанг, бо ду намуди машқ- КП-3 ва МВ-9 қувваозмоӣ хоҳанд кард. Абдурақиб Қодиров иттилоъ дод, ки аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, яъне дар ду рӯзи мусобиқа, аз рӯи 4 намуди машқ, дар ҷои аввал бо 5 207 хол дастаи Федератсияи Русия, дар ҷои дуввум бо 5 180 хол дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷои сеюм дастаи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доранд. Пагоҳ мусобиқаро варзишгарзанон аз рӯи машқи ПП-2 ва МВ-5 идома ҳоҳанд дод. Пас аз он мусобиқаи байналмилалӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян хоҳанд гашт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






