Дастрасии таҷҳизоти муосир ба Маркази репродуктивии Кӯлоб

Сентябрь 23, 2013 10:32

Кӯлоб, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб беҳтарин мутахассисон ба кор ҷалб шуда, ҳамарӯза ба муоина ва табобати занон машғуланд. Ин марказ дар асоси барномаҳои давлатӣ фаъолият мекунад.Мақсади асосии кормандони соҳаи тибб дар маркази мазкур ҳарчи бештар ба қайд ва зери назорат гирифтани занони ҳомиладор аст. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб ду маркази солимии репродуктивӣ амал мекунад ва дар ин марказҳо ҳар як зан дар давраи ҳомиладорӣ ҳафт маротиба аз ташхис мегузарад.. Беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба афзоиши шумораи муроҷиаткунандагон мусоидат кардаву таваллуд дар беморхонаҳо ба 93 фоиз расидааст. Вобаста ба пешрафти соҳаи тибб аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар ба ҳамаи нуқтаҳои тиббию беморҳонаҳо ва марказҳои солимии репродуктивӣ тачҳизоти муосири соҳавӣ дастрас гардидааст, ки кори табибонро дар ташхису муоинаи беморон осон мекунад. Ҳамин гуна таҷҳизоти муосир барои маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб низ ҷудо гардидааст.

Сентябрь 23, 2013 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш