Дави умумиҷаҳонии «Машъал» ба Маликшо Неъматов Ифтихорнома дод
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов беш аз 100 варзишгару собиқадор ва мураббию корманди соҳаро барои хизматҳои шоён дар рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо унвонҳои фахрӣ, варзишӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ қадрдонӣ намуд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, бо унвони варзишии«Номзад ба Устоди варзиши Тоҷикистон» 7 нафар, «Устоди варзиши ҷумҳурӣ” 63 нафар, «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” 13 нафар, «Мураббии тахассуси дараҷаи олӣ» 4 нафар, «Мураббии шоистаи Тоҷикистон” 6 нафар, унвони фахрии варзишии “Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ» 3 нафар, «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон” 11 нафар, «Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон» 2 нафар сарфароз гардиданд.Ҳамчунин аз ҷониби Ташкилоти Дави умумиҷаҳонии машъалӣ барои саҳми арзанда дар баргузории сатҳи баланди чорабинии мазкур дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар давоми се соли охир Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Ифтихорнома ва медали ин ташкилот сарфароз гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






