Дидори ҳайати ХДНМН аз АНМН

Сентябрь 25, 2013 11:21

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳайати Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини раиси он Ғуломҷон Анорбоев аз 25 то 28 сентябр аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ боздид менамояд.Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, мақсад аз ташрифи меҳмонони қирғиз шиносоӣ бо фаъолияти Агентӣ, густариши ҳамкории байни агентиҳо дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва табодули таҷриба дар мубориза бо ҷинояткориҳои бахши маводи нашъаовар мебошад.Барнома як қатор мулоқотҳои дуҷониба, аз ҷумла мулоқот бо директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаровро дар назар дорад. Мувофиқи маълумоти манбаъ, меҳмонон бо фаъолияти як қатор ниҳодҳои асосии Агентии назорати маводи нашъаовар шинос шуда, аз маркази наворбардорӣ, ки дар заминаи он Маркази миллии таълиму такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфтааст, дидан мекунанд.

Сентябрь 25, 2013 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш