«Diplomacy & Foreign Affairs»- муаррифгари Тоҷикистон
Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). «Diplomacy and Foreign Affairs» /Дипломатия ва корҳои хориҷӣ /, ки яке аз маҷаллаҳои бонуфузи англисизабони чопи Ҳиндустон аст, дар шумораи махсуси худ бахшида ба 22-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварамон маводи ҷолиб мунташир намуд. Дар саҳифаҳои аввали маҷалла аз Паём ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дар назди кормандони хизмати дипломатӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маърӯзаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар 67-умин иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (29 сентябри соли 2012) иқтибосҳо оварда шудааст. Ҳамзамон дар маҷалла Паёми Саидбег Саидов -Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ба хонандагони моҳнома дарҷ гардидааст. Муқоваи нашри махсуси «Diplomacy & Foreign Affairs»-ро расмҳои муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ ва «Қасри Миллат» оро медиҳанд. Муштариёни «Diplomacy & Foreign Affairs» имкон доранд, дар ин нашри махсус мақолаҳоро марбут ба таъриху тамаддуни Тоҷикистон, инчунин мусоҳибаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Саидбег Саидов бо сардабири маҷаллаи «Diplomacy & Foreign Affairs»-Махесваран Гнанапракасамро мутолиа намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар маҷалла ҳудуди 15 мақола ва маводи таҳлилӣ, ба мисли «Тоҷикистон ҳамчун пайвандгари Осиёи Марказӣ бо ҷаҳон», «Робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон», «Муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон», «Эҳёи Роҳи Абрешим байни Тоҷикистону Ҳиндустон», «Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тоҷикистон дар ҳолати рушд», «Ҳамкориҳои низомӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон», «Рушди саёҳӣ дар Тоҷикистон», «Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Донишҷӯёни ҳиндӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», «Ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо донишкадаҳҳои Ҳиндустон» мунташир гардидаанд. Ин мақолаҳо далели он аст, ки тӯли солҳои охир ҳамкориҳои ҳасана ва судманди ду кишвар беш аз пеш тавсеа меёбанд. Дар маҷалла мазмуни сифатан нави ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва раванди сармоягузорӣ бо имкону манфиатҳои милли ду кишвар -Тоҷикистону Ҳиндустон, инчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ инъикос гардидааст. Дар омода намудани нашри махсуси маҷаллаи «Diplomacy & Foreign Affairs»- кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи давлатию хусусии Тоҷикистон, коршиносони бахши илму фарҳанг ва муҳаққиқони шинохтаи кишвари Ҳиндустон саҳми шоиста гузоштаанд. Маҷаллаи «Diplomacy & Foreign Affairs»- қабл аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расида буд. Назар ба иттилои сардабири маҷаллаи «Diplomacy & Foreing Affairs»-Махесваран Гнанапракасам: маҷалла одатан бо теъдоди 5000 нусха мунташир гашта, ба намояндагиҳои дипломатии Ҳиндустон дар хориҷа, ширкату созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими Ҳиндустон фиристода мешавад. «Diplomacy & Foreign Affairs» яке аз нашрияҳои бонуфузи Ҳиндустон маҳсуб ёфта, бо забони англисӣ дар Деҳлии Нав рӯи чоп меояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






