Донишҷӯёни ДМТ- пешсафтарин дар Китобхонаи миллӣ

Сентябрь 5, 2013 10:32

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова).-То имрӯз шумораи умумии аъзои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба 35 ҳазору 662 нафар расидааст, ки аз ҳисоби умумии аъзои китобхона Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешсаф буда, 16 дар сади хонандагонро ташкил намуда, дар сафи аввали хонандагон қарор дорад.Тавре ки дар ин бора нашрияи китобхона навиштааст, аз 35 ҳазор 662 нафар аъзои китобхона 69,9 дар садашро донишҷӯёни макотиби олии пойтахт, 20, 5 дар садро хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, 2 дар сад хонандагони коллеҷ ва литсейҳо, 1, 5 дар сад кормандони муассисаҳои давлатӣ, 1, 96 дар сад хонандагони кишварҳои хориҷӣ, 1,3 дар сад аспирантон, 0, 64 дар сад хонандагони муқаррарӣ, 064 дар сад довталабон, 0,7 дар сад омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳо, 0,7 дар сад омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, 0,6 дар сад бекорон ва 0,25 дар садро кормандони Академияи илмҳо ташкил медиҳанд.

Сентябрь 5, 2013 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш