Доварони Қазоқистон дар бозии «Истиқлол» ва «Равшан»

Сентябрь 3, 2013 15:49

 
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар») -Федератсияи футболи Тоҷикистон барои доварии бозии ҳассоси даври 12-уми чемпионати мамлакат байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки рӯзи 7 сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад, ҳакамон Сергей Гороховодаский, Серик Кошкаров ва Самат Тергеусизовро аз Қазоқистон даъват кардааст. 
Вохӯрии ин дастаҳоро дар марҳалаи аввал доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ карда буданд ва он бо натиҷаи 1 бар 0 бо пирӯзии дастаи «Равшан» анҷом ёфта буд. Дар ин рӯз «Хайр» бо «Истаравшан»ва «Энергетик» бо «Хуҷанд» қувва месанҷанд.
Бозии байни дастаҳои  «Регар-ТадАз» ва ССКА рӯзи 6 сентябр баргузор мегардад.

Сентябрь 3, 2013 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш