Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намуд

Сентябрь 25, 2013 11:18

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар анҷумани 21 – уми ғайринавбатӣ номзади худро ба мансаби Президенти Тоҷикистон дар симои Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ намуд. Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамаи 246 нафар вакилони анҷуман якдилона ба тарафдории номзадии Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

Сентябрь 25, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш