Фестивали байналмилалии таббохӣ

Сентябрь 18, 2013 14:07

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – 21 сентябр таҳти васояти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Клуби сафирон ва Клуби иҷтимоии шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии таббохӣ баргузор мегардад. Дар ҷараёни фестивал ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои дигари хориҷии муқими шаҳри Душанбе намунаҳои таоми миллии худро намоиш медиҳанд.Ба Фестивали байналмилалӣ намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллию хориҷӣ низ даъват карда мешаванд.Маблағҳои бадастомадаи ин чорабинӣ барои мақсадҳои хайрхоҳона истифода мешаванд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сентябрь 18, 2013 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш