Фиреби ҳизбӣ ё асо барои кўрдилон?
Душанбе, 23 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Рўзҳои охир расонаҳои наздик ба дастурхони ҲНИТ иддао мекунанд, ки аъзои ин ҳизб таҳти фишори мақомот аз узвияти худ даст мекашанд ва пайвастан ба ин ҳизбро ноогоҳии худ аз аҳдофи ин гуруҳ шарҳ медиҳанд. Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҳизб бошад дар якҷоягӣ бо ҳайати баландмақоми ҳизбаш чун ҳамеша номуваффақии худ дар муносибатҳои сиёсӣ ва ноуҳдабароияшон дар сиёсатро ба «фишори мақомот» рабт медиҳанд. Ин ҳангомаро бо тарзу усули гуногун дар фазои иттилоотии ҷаҳон ҳадафмандона мечархонанд ва табиист, ки дар тафаккури ҷомеаи ҷаҳонӣ афкори зиддиТоҷикистонӣ тавлид мекунонанд. Аммо то имрўз, мардонавор қоил намешаванд, ки мардум ҳушманд шудаасту онҳоро аз пушти худ бурдан дигар кори саҳл нест. Ё ба таври дигар бигўем имрўз мардум ба ин ҳизб ва ба ин гурўҳ бовар карда наметавонад ва ҳар нафаре, ки ба ин ҳизб узв шудааст бо ҳар роҳу восита худро аз он канор гирифтан мехоҳад.Аслан аз ҲНИТ рафтани аъзо ва ҳатто саркардагонаш барои нафарони огоҳ хабари нав нест. Зеро аз соли 1998 то имрўз аъзои ин ҳизб пайиҳам ҲНИТ-ро тарк мекунанд. Вале идеологҳои ҲНИТ барои худро сафед кардан ва дар назди ҷамъияту аъзои боқимондаашон ин ҳизбгурезиҳоро на дар заъфи худ, балки «ба фишори ҳукумат» рабт медиҳанд…СССР модари ҲНИТ?Аслан ба арсаи сиёсат омадани ҲНИТ раванди таърихие дорад, ки аҳолии Тоҷикистони Шўравӣ барои созмони ин ҳизб кўшиш кард. Низоми шадиду султасози Шўравӣ, ки динро комилан маҳдуд карда буд, омили таҷаммуъи мардум дар атрофи андешаҳои динии ташкилкунандагони ҲНИТ шуд. Сардамдорони ҳизб низ аз номи Худову Расул мардумро ваъдаҳои бебаркаш медоданд ва бо пайдо шудани имконият, мардумро аз масоҷид ба майдонҳо кашиданд. Ин майдоншиниҳо дар ниҳояти кор омили пайдо шудани майдонҳои дигар дар пойтахти 1 кишвари тозаистиқлол гардида, то ҷанги шаҳрвандӣ бурд. Дар ин ҷанг одамони зиёд ҳалок шуданд, тифлони зиёд бе кас монданд, бонувон бева гаштанд, ҷумҳурии тозаистиқлол даҳсолаҳо қафо монд, аммо аз он сарварони ҲНИТ манофеи зиёд диданд. Ҳоҷӣ Акбар Тўраҷонзода, ки рў ба локивории қиблагоҳ буд, имрўз моликияти беҳисоб дорад. Абдуллоҳи Нуриву Ғозиву Ҳимматзода ва имрўз Кабирӣ низ сарватманд шуданд. Гўё ҷангро барои мансабдору пулдор шудани худ тишкил карда буданд.Маъмулист, ки ҳар 1 пайкор бе сармоя амалинашаванда аст; Сарварони ҲНИТ аз кишварҳои исломӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, Ироқ, Эрон, Покистон, Либия ва монанди ин кишварҳо кумакҳои молии бузург мегирифтанд ва дар ҳамаи ин кишварҳо намояндагони ҲНИТ, танҳо 1 сухан пеш меоварданд: кўмак барои мардуми муҳоҷир ва ҷанг алайҳи куффор. Аммо бо ба даст овардани сармояи бузург ин воъизони ҷилвагар на танҳо ҳаққи мардумро ба мардум намерасониданд, балки ин сармояро барои худ қасру кушкҳо бино ва ба хешовандони худ тақсим мекарданд.Гулдухтару гулписаронро вақте афғонҳо таҷовуз мекарданд…Дар Афғонистони ҷангзада, ки ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ҳатто 1 шаҳри Кобулро танзим карда наметавонист, мардуми гурезаи Тоҷик рўи роҳ ва бепаноҳ, дар зери хаймаҳои вақфиву хайриявӣ монда буд: рў ба раҳми парвардигор ва кўмакҳои мустақими башардўстона. Аксари мардуми муҳоҷир, ки ба Афғонистон паноҳ бурда буданд, касе падарро мурдағариб карду дигаре бародарро, сеюми модару хоҳару фарзандро. Ҳатто баъзе духтаракони ноболиғро тоҷирони афғон бар ивази орду равған ғуломвор соҳиб мешуданд. Духтарон чӣ, ки ҳатто писарбаччаҳоро дасти шаҳват дароз мекарданд. Ҳар нафаре, ки аз пушти саркардаҳои ин ҳизб ба Афғонистон паноҳ бурданд рўзи нодидаро диданд, таҳқири ношунидаро шуниданд. Дар он ҳолате, ки мардум дар Афғонистон зери тиру туфанг барои зинда мондан рўз медиданд, иддае аз сарварони ин ҳизб дар Эрону Покистон дар бўстонсароҳои боҳашамат айшу ишрат мекарданд. Аксар шоҳидони ҳол қисса мекунанд, ки «аз кишварҳои араб ва созмонҳои хайриявию башардўст барои муҳоҷирон кўмак меомад. Барои тақсим кардани кўмакҳо ба сардорон муроҷиат мекарданд. Аммо он маҳсулот қисмати зиёдаш ба хешовандони сардорони ҲНИТ тақсим карда мешуд». Ҳатто аксар нафароне, ки то имрўз аъзои ҲНИТ ҳастанд, ин марҳилаи таърихии рўзгори худро таҳлил кардаву тасдиқ мекунанд, ки «дилсардии мардум аз мо дар ноадолатиҳое, ки дар Афғонистон ба амал омада буд, сурат гирифтааст». Дар чунин ҳолат бояд аъзои ҲНИТ дарк кунанд, ки аз пушти киҳо мераванд ва то куҷо хоҳанд расид.ҲНИТ ва «Рисолати таърихӣ»-и он?Пас аз созишномаи истиқрори сулҳ ва ба Ватан баргаштани гурезаҳо, Ватан дар гирдоби бўҳрони озуқа қарор дошт. Барои раҳоӣ аз марг, ҳатто инсоният ба мисли чорво алаф хурд. Ҷаву ҷуворимакка барои мардум дастнорас буд. Лек сарварони ҲНИТ аз кишварҳои исломӣ бо номи фарзандони шаҳидшудагон-сағирмондагон пул мегирифтанд. Аммо он пулҳоро кӣ тақсим мекард ва ба кӣ тақсим мекарданд, касе намедонад (шояд ба ҷуз аз хешу табор ва наздикони сарварони ҲНИТ). Холиддин Матинов, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, ки яке аз минтақаҳои доғ дар даврони ҷанг маҳсуб мешуд, аз сабабҳои асосии нобоварии мардум нисбат ба сарварони ҳизбиро дар нобаробарии онҳо дар рўзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон ва баъд аз муҳоҷират медонад. Номбурда тасдиқ мекунад, ки: «Вақте аз Афғонистон ба Ватан баргаштем, хонаҳо валангор, заминҳо шўразор, дарахтҳо хушкида буданд. Тамоми сарчашмаи ризқи инсонӣ сарбаста буд. Ҳатто сарпаноҳ ёфт намешуд, ки шабро рўз кунем. Мардум ҷав, сабўс, арзан, ҳатто бедаи тарро мехўрданд. Дар чунин ҳолати мудҳиш дар рўбарўи хонаи мо додарзодаҳои Абдуллои Нурӣ барои худ бўстонсаро бунёд мекарданд. Дар ҳолате, ки мо дар андешаи аз гуруснагӣ намурдан будем, онҳо бо такаббур ва таъриф ба мо нишон медоданд, ки чигуна дар дохили хонаҳои худ сауна сохтаанд. Мо имкони то бозор рафтан надоштем, ки дар бозор бор кашем, ё ҳезум фурўшему нон бихарем, аммо онҳо барои худ мошинҳои ҶИП мехариданд. Пас дар ин ҳолат ман чигуна бар ин тоифа эътимод кунам? Ин дидгоҳи танҳо ман на, балки эҳсосу мушоҳидаи ҳазорҳо дўсту наздик, ёру рафиқони ман аст, ки азобу уқубатро дидаанд».Дар чунин ҳолате, ки мардум бо нафрат рўзҳои аз саргузаштаи худро ба ёд меоваранд, пас чигуна мардум наҳзатиҳоро бовар карда тавонанд? Аён мешавад, ки ҳадафи аслии имрўзаи шумо бо номи мардум аз мавлоҳои хориҷиатон пул рўёндан ва «Рисолаи таърихӣ»-и шумо сарватманд шудан аст; на хидмат ба мардум, на хидмат ба дин ва на хидмат ба Худо.Тўраҷонзода ва ғ. чаро рафтанд?Пас бояд ҷаноби Кабирӣ ва ҳайати тўтисифаташ бидонад, ки мардум мебинад, эҳсос дорад ва ранҷу уқубати дидаашро фаромўш карда наметавонад. Ба ҷойи вовайлову ҳукуматситезӣ боре мардонавор биандешад, ки киҳо дар ин ҳизб буданду чаро аз ҳизб рафтанд? Чаро Акбар Тўраҷонзода, ки яке аз саркардаҳои ҳизб буд, аз ҳизби таъсискардаи худ даст кашид? Чаро Навид аз ҳизб рў тофт? Чаро мулло Абдурраҳим аз ҳизб канораҷўӣ ва будани онро хилофи қавонини шаръӣ ҳам эълон кард? Чаро Қиёмиддини Ғозӣ аз ҳизб канор рафт? Чаро оқои Султони Ҳамад, ки яке аз идеологҳои асосии ҲНИТ ба шумор мерафт, тарки ҳизб кард? Метавонем ин шумораро боз ҳам давом диҳем, аммо медонем, ки Кабирӣ ва ҳамҳизбонаш ҷавоби тайёр доранд: «Фишори мақомот!».Оқои Навид, ки яке аз нухбагони асосии ин ҳизб ба ҳисоб мерафт, баъди аз ҳизб рафтан дар мусоҳибаи худ, яке аз сабабҳои рафтанаш аз ҳизбро дар масъалаи молӣ ва такаббури сардори кунунии ҳизб унвон карда буд. Пас маълум аст, ҳар 1 нафаре, ки дар қатори ин ҳизб буд ва думболи он мерафт дар натиҷаи тақсимоти нобаробари маблағҳои хайрия аз ҳизб канор рафт. Аъзо низ дигар наметавонанд ғофил бошанд ва ин ҳама тақаллубу фасодро эҳсос намуда, аз ин «роҳи ҳақ» дилхаста шуданд ва бо ҳар омилу сабаб худро аз ин ҳизб дур кардан мехоҳанд.Аз худнамоӣ то авомфиребӣИмрўз низ принсипи пешбурди кори ҲНИТ чунин аст, ки мардумро дар атрофи худ ҷамъ кунанд ва ба воситаи онҳо дар ҷомеа ҳарф бизананду валвала бардоранд ва аз кишварҳои нафтхези араб доллар ба даст биоранд. Кабирӣ доимо бо гила аз нобаробарӣ ҳарф мезанад, аммо 1 маротиба фикр намекунад, ки имрўз писари Кабирӣ дар донишгоҳи Малайзия мехонад ва шартномаи солонаи ин донишгоҳ беш аз $5000 аст, ғайр аз хароҷоти таълимиву зиндагӣ. Ин маблағро аъзои дигари ин ҳизб дар шаби хобашон ҳам дида наметавонанд. Пас ин мардум чигуна аз пушти шумо биравад? 1 суоли матраҳ аст, ки чаро имрўз Кабирӣ номуваффақии худро тасдиқ карда намехоҳад? Оё мардумро аз пушти худ маҷбур бурдан мумкин аст? Он нафароне, ки дар Афғонистон дарду алам дидаанд ва ноадолатиро аз ҷониби пешвоёни худ эҳсос кардаанд, ҳеҷ гоҳи дигар аз пушти ингуна сарвар қадам нахоҳанд гузошт.Чанде қабл Муҳиддин Кабирӣ ба Афғонистон сафар кард ва дар фазои иттилоотӣ пайравони суханпардозаш бо такаббур ва ифтихор ба чунин маъно навиштанд: «Ҳарчанд дар Панҷшер ҷанг буд ва моро огоҳ мекарданд, ки амнияти шумо таъмин нест, бар замми ин мо аввалин коре, ки кардем зиёрат аз турбати Аҳмадшоҳи Масъуд буд». Магар ҳамин коратон қаҳрамонӣ буд? Имрўз сипаҳсолори бузург марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд, дар кишвар худ хок шудааст, ҳар рўз ба турбати ў дуову фотеҳа мехонанд, аммо оқои Кабирӣ бояд ба ҷои худнишондиҳиву интрига сохтан ба сари гўри мурдағарибони Тоҷик мерафт, дуо мекард, гиребон мегирифт, шояд ки рўҳи ғарибгаштаи он мазлумон, он фиребхўрдагон шуморо бо устодонатон мебахшид.Вақте ки муллоҳо ноболиғонро никоҳ мекарданд…Мардум ин ҳамаро мебинад, мушоҳида мекунад ва бояд бидонед, ки номуваффақии шумо дар ин аст. Пас шумо наҳзатиҳои муҳтарам ҳар замон ҳарзавор нокомии худро дар сиёсат ба гардани дигарон бор накунед. То имрўз собиқ муҳоҷирин ёд доранд, ки бо истифода аз «фурсати муносиб» чигуна духтарҳои 16-17 соларо домуллоҳои бузургамон ба никоҳи худ дароварданд. Вақто ки ин ҳамаро мебинем, пас чигуна бо шумо эътимод кунем? Боре шумо аз рўи виҷдону имон дар назди миллат ҳисобот диҳед, ки барои ин миллат, барои ин мардуми ҷафодида чӣ кор кардед? Ба ҷуз бунёди бустонсароҳо барои худ.Эпилоге, ки метавонист прологи матлаб шавадУстоди устодони наҳзатиҳо Абдуллоҳи Нурӣ баъд аз расидан ба созишномаи сулҳ, аввалин коре ки дар Тоҷикистон кард, барои худ дар шафати Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ (Ҳоло донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон) бустонсаро бунёд намуд. Ин дар ҳолест, ки Хумайнӣ ҳатто баъди Эронро гирифтан, хоначаашро ҳатто ремонт накарда мурда рафт! Вале дар замоне ки шогирдону пайравону ҳамшаҳриҳои Нурӣ дар саҳро буданду зери палаткаҳо мезистанд, замоне ки мардуми Тоҷик барои нон ҷон медод, раҳматии Нурӣ барои худ ва фарзандонаш хона сохт ё бо номи писаронаш чанд мағозаву макони тиҷоратӣ хусусӣ намуд. Суол пайдо мешавад, ки марҳум Нурӣ дар баробари миллионҳо Тоҷикистонӣ гурезаву муҳоҷир шуда буд, пас он маблағҳои ҳангуфтро аз куҷо ёфт? Аз ҳисоби муҳоҷирон! Аз ҳисоби сағераҳо!! Аз ҳисоби беваву бечорагон!!! Ҳама инро медонад! Пас чигуна мардум ин ҳизбро эътироф кунаду барои баровардани ҳоҷоти худ бо ҲНИТ бипайвандаду бо ин ҳизб бимонад?Имрўз мардум фаҳмидааст, ки аҳдофи аслии ҳизб на хидмат ба дину халқ, балки ба даст овардани қудрат аст. Мардум эҳсос кардааст, ки ин тоифа бо расидани оддитарин имконият ё сармоя на танҳо мардумро фаромўш мекунанд, балки ҳуқуқи инсонро низ намешиносанд. Имрўз мардум дарк намудааст, ки дини мубини Ислом ва эътиқоди қалбии инсон волотар аз ҳамагуна ҳизбу равияву мазҳаб аст. Пас Шумо низ, оқои Кабирӣ, дарк кунед ва мардонавор розӣ шавед, ки мардумро дигар наметавонед фиреб диҳед ва думболи худ бубаред.Муҳаммадиқбол Атоев,ЖурналистАз редаксия: Матлаб хеле эҳсосотист. Аммо муаллиф аз дудмони ҳамон мардумест, ки ҷаддаш ба «шарофати ҲНИТ» гуреза буданду мавриди тазйиқу фишор қарор гирифтаву нимае ба Афғонистону Русия ва зумрае ба дигар мавзеъот муҳоҷир шудаанд. Ба масал, Муҳаммадиқболи мо ин проблемаро бо хунаш ҳис кардаву дар баданаш санҷидааст. Ин аст, ки матлаб пешкаши хонанда шуд: Мо Метавонем!Манбаъ: СССР








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






