Гӯшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ дар Китобхонаи миллӣ

Сентябрь 13, 2013 16:20

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллоева).- Дар доираи ҳамкориҳо ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ пайваста дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаҳои фарҳангӣ ифтитоҳ мешаванд, ки онҳо барои ошно намудани мардум бо фарҳангу маданият, одату рафтори халқиятҳои ҷаҳон хизмат мерасонанд. Чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гӯшаи фарҳангии шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба фаъолият оғоз намуд. Гӯшаи мазкур дорои зиёда аз 3000 номгӯй китоби гуногун бо забони арабӣ буда, паҳлуҳои гуногуни илмро дар бар мегирад. Инҳо китобҳои илмию амалӣ, луғат, ҷуғрофия, илмҳои сиёсӣ, таърих, таърихи исломӣ, фарҳанги умумӣ, маълумотҳои умумӣ, техникию иттилоотӣ, қиссаҳо ва китобҳои таълимии забони арабӣ барои донишҷӯёну наврасон мебошад. Ғайр аз ин гӯша маҷаллаву рӯзномаҳои арабиро низ дорост. Ҳамзамон гӯша бо таҷҳизоти техникии муосир муҷаҳҳаз аст, ки онҳо 5 адад компютер, телевизор бо DVD, принтер, сканер ва дискҳои махсуси омӯзишӣ ба забони арабӣ мебошанд.Дар гӯша дарси забони арабӣ барои хоҳишмандон новобаста аз синн бо ҷалби устодони ботаҷриба ва донишманди тоҷику араб ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар айни ҳол филмҳои тасвирӣ барои наврасон, филмҳову барномаҳои ҷолиби таълимӣ роҷеъ ба мавзуъҳои гуногун барои тамошо омодаанд ва дар ҷараёни дарсҳо истифода мешаванд. Нақшаҳои таълимии омӯзгорон бо талабу хоҳиши забономӯзон тарҳрезӣ мегарданд. Чун гӯша ба тозагӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, аз ин лиҳоз барои тарғиби забони арабӣ ва ҷалби забономӯзон, махсусан забони арабӣ кормандон дар оянда тадбирҳои дигар низ меандешанд. Дар назар аст, ки таҷҳизоти наву гуногуни замонавӣ ва китобҳои мухталифу лозимии дарсӣ пурра гардонида шавад ва инчунин омӯзгорони соҳаҳои мухталифро аз донишгоҳҳои гуногуни кишвар ҷалб намоянд, то бо истифода аз тарзу усулҳои гуногун дарс бигӯянд ва алоқамандонро бо фарҳангу маданият, одату рафтори мардуми араб ошно намоянд. Ёдовар мешавем, ки гӯшаи фарҳангӣ 29 марти соли равон бо ҳузури ноиби вазири хориҷии шоҳигарии Арабистони Саудӣ Амир Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Сауд ва вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ расман ифтитоҳ гардида буд.

Сентябрь 13, 2013 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш