«Хайр» ҷоизи Ҷоми ФФТ

Сентябрь 2, 2013 11:31

Душанбе,  2  сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). – Дастаи  футболи «Хайр»- и  шаҳри  Ваҳдат  31  август   дар  варзишгоҳи «Металлург» — и   шаҳри  Турсунзода  дар  вохӯрии  ниҳоӣ барои  дарёфти Ҷоми Федератсияи  футболи  Тоҷикистон бо  ҳисоби  шаш  бар  панҷ  дастаи  ЦСКА «Помир»  — и  шаҳри  Душанберо  мағлуб  сохт.
 
Баъди  анҷоми   мусобиқа   ноиби  аввали президенти Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Хуршед  Мирзоев  ба  капитани   дастаи  «Хайр»  Мирзобек  Мирзоев  Ҷоми  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  ва  тасдиқномаро  барои   гирифтани  20  ҳазор  сомонӣ  супурд. Ҳамзамон   ба  мураббиён  ва  ҳайати   роҳбарикунандаи   клуби «Хайр»  медалҳо  супурда  шуданд.
 
Дар  ин  бора   аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд. 

Сентябрь 2, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш