Иқдоми нави «CashBack»- и «Агроинвестбонк»

Сентябрь 4, 2013 09:00

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Тавре ки аз дафтари матбуоти ҶСК «Агроинвестбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 1-уми сентябри соли 2013 то 28 феврали соли 2014 ҶСК «Агроинвестбонк» барои дорандагони кортҳои Visa иқдоми нави «Cashback»-ро баргузор менамояд. Дар иқдом ҳамаи дорандагони кортҳои пардохтии низоми байналмилалии Visa иштирок карда метавонанд. Онҳо аз пешниҳоди махсуси «Cashback» дар ҳаҷми 2% аз воситаҳои сарфнамудаашон тавассути корти Visa-и «Агроинвестбонк» дар дилхоҳ муассисаи савдо ва хизматрасонӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, имкони истифода бурданро доранд.Барои назорати воридоти мукофотпулӣ мизоҷ хизматрасонии «SMS-банкинг»-ро пайваст намуда, мустақилона воридоти маблағро назорат менамояд Дар тамоми давраи баргузории иқдом иштирокчиён метавонанд соҳиби мукофот ба андозаи 2% аз маблағҳои харҷнамудаашон, ки дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути корти бонкии Visa сурат гирифтааст, шаванд.

Сентябрь 4, 2013 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш