Иқтисодиёти рушдёбандаи Тоҷикистон ба муҳити зисти солим асос хоҳад ёфт – Струан Стивенсон
Душанбе, 18 сентябр (АМИТ “Ховар”).- Чунин ба мушоҳида мерасад, ки Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба наздикӣ 22-юмин солгарди истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифт, рушду нумуи нисбиро касб кардааст. Ба туфайли Президент Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон шарики калидии Иттиҳоди Аврупо шуда, айни ҳол нақши марказиро барои таъмини амнияту субот дар яке аз бесуботтарин минтақаҳои олам мебозад.Бар замми нақши муҳим дар геополитикаи байналмилалӣ, Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкими рушди сиёсӣ ва иқтисодӣ дар қаламрави кишвар аҳамияти махсус медиҳад. Ҳарчанд ки рӯзҳои сиёҳи ҷанги шаҳрвандӣ аз хотираҳо тадриҷан зудуда шудаанд, иқтисодиёт ва корхонаҳои зиёди маҳаллии Тоҷикистон ҳоло ҳам бо пайомадҳои манфии он ҷанг мубориза мебаранд.Ба ин нигоҳ накарда, ширкати давлатии алюминий “ТАЛКО” намунаи саноати рушдёбанда дар кишвар шудааст. “ТАЛКО” на танҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти мамлакат саҳмгузор мебошад, балки инчунин ба корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон табдил ёфта, ҳатто ба унвони яке аз пешрафтатарин истеҳсолкунандагони алюминий дар ҷаҳон иддао менамояд.Аз рӯи шуғли аҳолӣ, “ТАЛКО” – дурдонаи тоҷи Тоҷикистон мебошад. Аҷиб он аст, ки ширкат кишварро бо беш аз 13 000 ҷойи корӣ таъмин мекунад.Сарфи назар аз ин, ширкати “ТАЛКО” ба наздикӣ зери тозиёнаи танқиди бадхоҳон қарор гирифт: онҳо даъво мекунанд, ки истеҳсоли алюминий барои муҳити зист пайомадҳои мудҳиш дорад. Душманони “ТАЛКО” иброз медоранд, ки ширкат имрӯз бузургтарин олудакунандаи муҳити зист дар тамоми Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.Шояд ҳамчун яке аз корхонаҳои саноатии бузургтарин дар минтақа ва яке аз 10 истеҳсолкунандаи бузургтарини алюминий дар ҷаҳон, ширкат пас аз худ партовҳои истеҳсолӣ боқӣ мегузорад, чунки чунин равандҳои нерӯталаб бе ин омил наметавонанд арзи вуҷуд кунанд. Ҳатто аз ҳама муосиртарин оташдонҳои гудозиши алюминий пас аз худ партовҳои истеҳсолӣ мегузоранд, вақте ки алюминийи хом ба диоксиди сулфур, гидрогени фтордор ва оксидҳои нитроген, инчунин ба металли алюминий мубаддал мегардад. Сабаби истеҳсоли бештари партовҳо аз ҷониби ТАЛКО назар ба таҷҳизоти муосиртарини ҳозира ба он вобаста аст, ки таҷҳизоти ширкат дар даврони шуравӣ сохта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки корхона бояд навсозӣ карда шавад, на балки аз кор бароварда шавад ва умуман барҳам дода шавад, ба он гунае, ки баъзе эътирозгарон аз кишварҳои ҳамсояи поёноб талаб мекунанд.Дар ҳоли ҳозир кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд, то ки мушкилоти партовҳои олудакунандаи “ТАЛКО” аз байн бурда шавад ва Президент Эмомалӣ Раҳмон дар рафъи чолишҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Талабҳо барои аз кор баровардани корхона ва маҳдудсозии фаъолияти “ТАЛКО” бемаврид ва ғайри мутаносиб буда, ба таҳдидҳо ва суханпардозии пропагандистии ҷунбишҳои экологӣ дар кишварҳои зиёди ғарбӣ шабоҳат доранд.Ширкати алюминийи “ТАЛКО” бешубҳа корхонаи ҳаётан муҳим мебошад ва тамоми кӯшишҳо ба харҷ бояд дод, то рушду нумуи он идома ёбад ва, ба ҳамин тариқ, ширкат тавонад ҷойҳои корӣ ва даромади мардуми Тоҷикистонро таъмин созад. Ба ҷойи он ки гунаҳкорро ҷуст, кишварҳои минтақа ва агентиҳои байналмилалиро мебояд, ки бо якдигар ба манзури маҳдуд, ихтисор ва рафъ кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳамкорӣ намоянд. Баҳсҳои сиёсӣ ва оштинопазирӣ танҳо ба бунбаст мебаранд, мушкилоти зиёдтар бунёд месозанд, хавфи оқибатҳои бебозгаштро барои муҳити зист афзун мекунанд ва сабаби якбора паст шудани шароити зиндагии миллионҳо одамон дар минтақа мешаванд.Бо эътирофи зарурати таъхирнопазирии ҳаллу фасли мушкилот, роҳбарияти “ТАЛКО”, мувофиқи маълумоти мавҷуда, бо Институти ботаникӣ, Академияи улум, Институти тибби профилактикӣ ва Вазорати тандурустӣ, инчунин бо як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамкориро бо мақсади омӯзиши таъсири моддаҳои олудакунанда ба олами наботот ва ҳайвоноти минтақаи атроф ба роҳ мондааст. Олимони “ТАЛКО” инчунин иброз медоранд, ки онҳо ҳамарӯза олудашавии фазо, таркиби об ва сатҳи радиатсияро месанҷанд. Ин як навъ идрок ва шуури экологӣ мебошад, ки барои кишвар аҳамияти бениҳоят бузург дорад, агар он кишвар саъй дошта бошад, ки на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ рушд кунад, балки ҳамчунин дар ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва экологӣ низ инкишоф ёбад. Ҳукумати Тоҷикистон дар мавзуи пешбурди рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ, новобаста ба мушкилоти 22 соли ахир, таҷрибаи бузургро ба даст овардааст. Ва акнун Ҳукумат бо эътирофи он, ки иқтисодиёти рушдёбанда маҳз ба муҳити зисти солиму равнақёбанда асос меёбад, амал менамояд. Струан Стивенсон,Вакили Парлумони АврупоМаълумотнома:Струан Стивенсон, Вакили ҳизби Муҳофизакорон, намояндаи Шотландия дар Парлумони Аврупо; Президенти Гурӯҳи Парлумони Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор; соли 2010 ба ҳайси намояндаи шахсии Раиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба тайёр намудани гузориш дар мавзуи мушкилиҳои муҳитзистии Осиёи Марказӣ фаъолият бурдааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






