Ифтитоҳи биноҳои нав дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 12, 2013 15:03

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Рӯзи гузашта бо ташаббуси бевоситаи вазири корҳои дохилӣ ва дастгирии молиявии ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷамоатҳои деҳот, дар маҳаллаҳои Чоряккорон, Чортеппа, Чимтеппа ва ҷамоати деҳоти Россия, утоқҳои нави кории нозирони минтақавии милитсия ба истифода дода шуд, ки бо беҳтарин шароитҳои муосир, аз қабили компютеру телевизор, мизу курсӣ ва ҳаммом таъмин мебошад. Дар маросими кушодашавии биноҳои мазкур вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев, аҳли ҷамоат, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаҳои мазкур иштирок намуданд. Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳамкории ҳамаҷониба ҷиҳати ҷоннок гардидани фаъолияти нозирони минтақавӣ ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев ва раисони ҷамоатҳои мазкур «Сипоснома» супорида шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд.

Сентябрь 12, 2013 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш