Ифтитоҳи ду бинои иловагӣ дар таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои иловагии таваллудхонаи вилоятӣ мавриди истифода қарор гирифт.Зимни боздид аз шароити наву замонавии ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави он бо харҷи зиёда аз 54 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо навтарин таҷҳизоти ҷаҳонии замони муосир муҷаҳҳаз гардидааст.Дар бинои якум, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, зоишгоҳҳо ва утоқҳои табобатии модарону кӯдакони навзод ҷойгир шудаанд. Ҳамаи утоқҳо бо таҷҳизоти гаронарзиш муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо мутахассисони ботаҷрибаи сатҳи баланд ба кор ҷалб шудаанд.Бинои дуюм маркази ташхисӣ буда, бо тамографи магнитӣ-резонансии компютерӣ, мамограф, рентгени рақамӣ, эндоскоп ва дигар таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Ин ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши муосир, ҷамъ қариб 70 номгӯй ва ду мошини реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо харҷи қариб 10 миллион доллари амрикоӣ аз ширкати олмонии Сименс харидорӣ ва дастрасу насб карда шудаанд.Нархи танҳо як мошини реомобилии ёрии таъҷилии тиббӣ бо таҷҳизоташ 200 ҳазор доллари амрикоӣ аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои кор бо ин таҷҳизот ва истифодаю нигоҳубини дурусти онҳо кадрҳои мутаносиб бояд омода карда шаванд, то ки ин дастгоҳҳои гаронарзиш солҳои зиёд хизмат карда, кори табибон ва мушкилоти ниёёзмандонро саҳл гардонанд.Тавре иттилоъ дода шуд, бинои пешинаи таваллудхона ҳам бо харҷи қариб 3,5 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ мавриди тармим ва навсозии куллӣ қарор гирифтааст.Дар ин муассисаи тиббии вилоятӣ 350 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.Дар доираи тадбирҳои навсозӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии вилоят дар ин ҷо, ҳамчунин корҳои ободонии дохил ва атрофи беморхона, тоза намудани ҳуҷраҳои табобатию корӣ ва ғайра иҷро шудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






