Ифтитоҳи филиали нави Имон Интернешнл

Сентябрь 15, 2013 13:36

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати шаҳраки Нов бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали нави созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл ифтитоҳ ёфт.Тавре зикр гардид, ин бино аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Дилфуза Ҳусайнова бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд ёфта, ба созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл ба иҷора дода шудаааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва ороишу таҷҳизи бино баҳои баланд дод.Зимни шиносоӣ бо кори созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи ғайридавлатӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи занони соҳибкори ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ҳоло дар тамоми қаламрави кишвар 108 намояндагии он боз гардидааст. Дар онҳо 1400 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Маоши кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ аз 800 то 4 ҳазор сомониро ташки медиҳад.Сандуқи умумии қарзии созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл дорои 424 миллион сомонӣ маблағ буда, беш аз 69 ҳазор қарзгиранда дорад. Тавре иттилоъ доданд, беш аз 40% мизоҷони ин муассиса занону духтарони соҳибкор мебошанд.Дар намояндагиҳои ин муассиса дар ноҳияи Спитамен беш аз 100 нафар бо кор таъмин гардидааст. Танҳо дар намояндагии нави имрӯз ифтитоҳёфта қариб 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, сандуқи қарзии он дорои 30 миллион сомонӣ маблағ аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ доир ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҳавасманд кардани мардум ба нигоҳ доштани пасандозҳояшон дар бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ маслиҳату ҳидоятҳои муфид дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 15, 2013 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ