Ифтитоҳи кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 17 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷандро, ки бо тарҳи зебои дар минтақа нотакрору беназир дар майдони 3 га бунёд ёфта, ба як шаҳраки афсонавии кӯдакон мубаддал гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре зикр гардид, ин иншоот бо харҷи 25 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои ҳазор нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ гардидааст. Ин иншооти зебою муҳташам аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.Кӯдакон, ки ба 46 гурӯҳи аз 16 то 20-нафарӣ шомил мегарданд, ҳамчунин ба се гурӯҳи синнусолӣ тақсим шуда, аз ҳама хурдсолон дар ошёнаи якум, 4-5-солаҳо дар ошёнаи дуюм ва 6-солаҳо дар қабати сеюми бино ҷойгир карда мешаванд. Дастгоҳу таҷҳизот, утоқҳои машғулиятӣ, бозию дилхушӣ ва хобу фароғат ҳам дар ҳар ошёна мутобиқ ба синну соли кӯдакони ҳамин се гурӯҳ омода гардидааст.Дар ошёнаи сеюм, ки барои шашсолаҳо пешбинӣ гардидааст, синфхонаҳо барои омодасозии онҳо ба мактаб муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар ин ҷо ба онҳо хондану навиштан ва расмкашӣ меомӯзонанд. Ҳамчунин утоқҳои махсус барои маҳфилҳои рақсу суруду дилхушӣ ва ҳатто барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва асосҳои кор бо компютер мавҷуданд. Утоқи компютерӣ 30 компютер дорад.Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус бо ҳамин қадар айвонча барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад ва бо дарахтони сояафкан ва гулу сабзазор оро ёфтааст.Кӯдакистон, ҳамчунин дорои се ҳавзи шиноварӣ мебошад. Яке аз онҳо бо соябонҳо ва курсиҳои махсуси бароҳат дар ҳавлӣ ҷойгир шуда, ду тои дигар бо шабакаи гармсозӣ ва обсофкунӣ дар таҳхона қарор доранд.Барои омӯзишу парастории босифати ҳазор кӯдаки болаёқат ва хизматрасониҳои дигар ба ин ҷо беш аз 260 нафар кормандони соҳибтаҷрибаи корозмуда ба кор ҷалб мешаванд.Кӯдакистони Президентӣ дорои хадамоти махсуси тиббӣ, оташнишонӣ, гармидиҳӣ ва доир ба нигоҳубини гулгашту майдончаҳои ҳавлӣ буда, барои ҳамаи онҳо тамоми шароти зарурии техникию хоҷагидорӣ муҳайё гардидааст.Дар зимистон ба тамоми биноҳои кӯдакистон ба воситаи шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор хоҳад кард, оби гарм ва гармӣ дода мешавад.Зимни боздид аз ошхонаю ошпазхонаи ин муассисаи инноватсионӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба масоили тозагию озодагӣ, талаботи санитарӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.Ба кӯдакистон аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 2 автобуси чилнафара ва як мошини боркаш ҳадя карда шуд.Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди беш 2 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф ва дигар сохтору муассисаҳои масъули омӯзишу парвариши насли навраси вилоят суханронӣ карда, аз дастовардҳои назарраси ҳукумати кишвар дар ин самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ёдовар шуд ва ҳамагонро ба омодасозии босифати кӯдакону наврасон ва ҷавонони ояндасози Ватани азизи мо ҳидоят намуд.Ҳамчунин таъкид гардид, ки шароити хуби дар ин ва дигар муассисаҳои томактабӣ муҳайёшаванда бояд мавриди истифодаи босамар қарор дода шавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






