Ифтитоҳи мактаб дар маҳаллаи нави шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 16, 2013 14:21

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Иншооти сеюм, ки дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Нав барои 1000 нафар хонанда дар ду баст мебошад.Чунонки зикр гардид, ин маҳаллаи нав дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд аз соли 2003 ба ин сӯй бунёд ёфта, то ин вақт мактаб надоштааст. Аз ин хотир дар ин ҷо бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ мактаби нави замонавӣ бо 16 синфхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯй бунёд карда шуд.Кунун шодию нишоти сокинони ин маҳаллаи навбунёдро ҳадду канор нест, зеро то ин вақт фарзандони онҳо ба мактабҳои дур аз макони зисти худ ба дарс мерафтанд.Ғайр аз ин, бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи таълимӣ мушкили норасоии мактабҳо дар шаҳри Хуҷанд пурра бартараф гардид.Дар ин мактаб шароити зарурӣ барои дарсҳои омӯзиши асосҳои кор бо компютер, забонҳои хориҷӣ, синфхонаҳои лабароторӣ барои фанҳои дақиқ, ба мисли физика, кимиё, биология ва ҳамчунин толорҳо барои дарсҳои рақс, сурудхонӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ, толори маҷлисӣ бо 120 ҷойи нишаст ва ошхонаи барҳаво бо 100 ҷойи нишаст дар сатҳи баланд омода гардидааст.Ба дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ низ дар ин ҷо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Мактаб, ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ ва майдони варзишии калон аст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактаби замонавиро ба сокинони маҳаллаи нав ва кулли шаҳри Хуҷанд табрику таҳният гуфта, омӯзгорон ва волидони мактаббачагонро ба таълиму тарбияи босифати насли оянда ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 16, 2013 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш