Ифтитоҳи минтақаи маъмурии милитсия дар Меҳробод

Сентябрь 19, 2013 14:09

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо ташаббуси бевоситаи вазири корҳои дохилӣ ва дастгирии молиявии ҳукумати ноҳияи Сино дар маҳаллаи Меҳробод минтақаи маъмурии милитсия ба истифода дода шуда, бо беҳтарин шароитҳои муосир, аз қабили компютеру телевизор ва мизу курсӣ таъмин карда шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар маросими кушодашавии биноҳои мазкур вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зафар Сафаров, роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД-2 дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.Сохтмони чунин биноҳои замонавӣ барои нозирони минтақавӣ, ки маҳз бо аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор мебаранд, дар дигар минтақаҳои шаҳри Душанбе низ идома дорад.

Сентябрь 19, 2013 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш