Ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Сочи
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия намошгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистан расман ифтитоҳ гардида, барномаи консертии ҳунармандони шинохтаи тоҷик пешниҳоди иштирокдорон шуд. Расму оинҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистони биҳиштосо- ин ҳама дар шаҳри сайёҳии Русия- Сочи муаррифӣ шуданд. Дар расми ифтитоҳи ин намоишгоҳ муовини Сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон иштирок намуд. Мавриди зикр аст, ки баргузории намоишгоҳи бузург таҳти унвони «Неъматҳои бебаҳои табиии Тоҷикистон» дар шаҳри Сочи бори аввал нест. Ҳанӯз соли 2006 сокинону меҳмонони шаҳри Сочи аз маҳсулоти кишоварзӣ, меваҳои шаҳдбор ва таомҳои миллии мардуми тоҷик ба таври фаровон истифода бурда буданд. Ин навбат бошад, бо ворид кардани зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти тару тоза, аз қабили беҳтарин номгӯи меваю cабзавот ва полезиҳо таваҷҷуҳ ба неъматҳои табиӣ ва ҳунари волои мардуми Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Дар давоми ин рӯзҳо ҳудуди як миллион нафар аз намоишгоҳи Тоҷикистон дидан намуда, аз маҳсулоти кишоварзие, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мешавад, харид карданд. Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ки таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ аст, бо пешниҳоди меваҳои шаҳдбор, 40 номгӯи таомҳои миллӣ ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ тавонист чорабиниро дар сатҳи баланд ба роҳ монад. Аз шодию нишоти иштирокдорони чорабинӣ аён буд, ки дастандаркорони намошгоҳ омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Харидорони молу маҳсулоти Тоҷикистон танҳо сокинони ин шаҳри сайёҳии Федератсияи Русия набуданд. Шаҳрвандони давлатҳои пешрафтаи дунё, аз қабили Амрикову Олмон, Фаронсаву Италия, Туркияву Чин низ аз тамошои намоишгоҳ таассуроти нек бардоштанд, зеро дар ин ҷо барои харид ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Ба гуфти иштироккунандагон баргузории чунин чорабиниҳо, ки қадами устувор дар самти густариши ҳамкориҳо дониста мешаванд, халқиятҳоро ба ҳам меорад ва равобити дӯстонаи онҳоро қавӣ мекунад. Гуфтанист, Тоҷикистон, ки бо меваҳои шаҳдбор ва табиати биҳиштосо дар дунё муаррифӣ шудааст, шуруъ аз соли 2000- ум дар як қатор кишварҳои дунё маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз мегузорад. Ин ташаббус метавонад равобити дӯстонаро бо дигар давлатҳо мустаҳкамтар намояд. Меваҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ангуру нок, себ, лиму дар намоишгоҳи бузург харидорони бештар дошт. Полезиҳо низ ба сокинону меҳмонони шаҳри Сочи писанд буд, зеро ҳар харидор баъди муайян намудани тамъи он харидорӣ мекард. Ҳунармандони ансамблҳои «Дарё», «Ориё», «Гулрез», «Ҷаҳоноро» ва дигар санъаткорони шинохтаи Тоҷикистон бо пешниҳоди барномаи консертӣ хотири иштирокдоронро болида намуданд. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр идома меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






