Ифтитоҳи намоишгоҳи Вафо Назаров

Сентябрь 4, 2013 09:55

Кӯлоб, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар арафаи истиқбол аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб намоишгоҳи асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон, Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадори мукофоти давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Вафо Назаров дар муҷтамаи давлатии Осорхонаи Кӯлоб ифтитоҳ шуд. Воқеан ҳам саҳми Вафо Назаров ҳамчун як рассом дар тасвири зебогиҳои диёри Тоҷикистон, зиндагии осоишта ва таърихи ин куҳандиёру одамони наҷиби он хеле барҷаста аст, ки он аз орзуву омол ва ниятҳои поку созандаи наққош об мехӯрад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои рассом ба як зумра рассомону дизайнерон ва масъулони муҷтамаи давлатии Осорхонаи Кӯлоб диплом ва шаҳодатномаҳои узвияти Иттифоки арбобони санъати Тоҷикистон супорида шуд. Намоиши асарҳои рассом тӯли як моҳ идома меёбад ва ҳаводорони санъати тасвирӣ метавонанд бо офаридаҳои килки муъҷизаофари рассоми хушсалика ошноӣ пайдо намоянд.

Сентябрь 4, 2013 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш