Ифтитоҳи “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ”
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар».)- Дар ошёнаҳои аввали бинои бисёрошёнаи Маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80», ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор дорад, бо номи “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” як фурӯшгоҳи бузурги китоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Лентаи рамзии ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва адибони маъруфу машҳури кишвар бурида шуд.Тавре иттилоъ доданд, Ошёни дониш ва хизматрасонӣ дар масоҳати 5100 метри мураббаъ ҷойгир буда, ба бузургтарин маркази фурӯши китоб ва хизматрасонии иттилоотию маърифатӣ табдил ёфтааст.Дар ин боргоҳи маърифат анвои гуногуни китобҳои илмию оммавӣ, бадеӣ, ашъори шоирони маъруфи тоҷику ҷаҳонӣ, адабиёти кӯдакона ва рӯзномаю маҷаллаҳо ба доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.Дар таҳхонаи он бунёди китобхонаи электронӣ дар назар аст, ки беш аз 1 миллион нусха китоб дар он маҳфуз хоҳад буд. Он ҳамчунин бо тамоми китобхонаҳои электронии ҷаҳон робита хоҳад дошт. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






