Ифтитоҳи озмоишгоҳи инноватсионӣ дар Тоҷикистон, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар». — Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе як озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ маблағҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди глобалӣ бунёд ёфта, бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст.Ин озмоишгоҳ асосан барои муайян намудани бемориҳои сил, аз ҷумла намудҳои ба доруҳо мутобиқгардидаи он, вараҷа, зардпарвин ва дигар бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст. Вале бо назардошти ниёзмандиҳои кишвар ба ташхисҳои дақиқи тиббӣ ин озмоишгоҳ, ҳамчунин бо дастгоҳу таҷҳизот барои таҳлилҳои дигари вирусологӣ, микробиологӣ, паразитологӣ, санитарию биокимиёвӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда шудааст.Ин озмоишгоҳ бо навтарин дастовардҳои илму техникаи тиббии ҷаҳони имрӯза муҷаҳҳаз гардида, то имрӯз навтарин дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад.Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо таҳлилҳои тиббии бемориҳои сил, вараҷа ва спид барои ҳамаи ниёзмандон ройгон гузаронда мешавад.Дар ин озмоишгоҳ 57 нафар мутахассисони баландпоя ба кор ҷалб шудаанд, ки 4 нафари онҳо барои кор бо дастгоҳҳои навтарини дар ин ҷо насбгардида дар хориҷи кишвар ба тозагӣ таҳсил намудаанд.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






