Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ дар ноҳияи Тавилдара
Душанбе, 27 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара ифтитоҳи расмӣ бахшид. Ин варзишгоҳ дар канори руди Хингоб дар масоҳати 2 ҳазору 584 метри муррабаъ сохта шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз ин иншоот ва суҳбат бо варзишгарон иброз дошт, ки дастовардҳои варзишии ҷавонони ноҳия бояд беҳтар шавад. Зеро дар ин макон барои тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам омадааст. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара, бо маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои қариб 4 ҳазор чойи нишаст мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангию маърифатӣ мувофиқ аст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби ҶДММ «Умед» ба анҷом расонида шудааст. Дар варзишгоҳ майдони асосии бозии андозааш 90 ба 60 метр, 2 хуҷраи либосивазкунӣ бо ҳаммомҳо ва ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд мебошад. Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии баҳои баланд дода, ба масъулини соҳа дастур дод, ки ба тарбияи варзишгарони касбӣ диққати махсус диҳанд. Ҳоло дар ноҳияи Тавилдара 258 варзишгари касбӣ ба кайд гирифта шудаанд, ки бо бунёд ёфтани варзишгохи нав шумораи онҳо сол то сол зиёд хоҳад шуд. Аснои суҳбати озоду самимӣ бо сокинон Президенти мамлакат таъкид кард, ки ҳар чи бештар ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ба воя расонидани онҳо масъулиятшинос бошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






