Имзои як қатор қонунҳо аз ҷониби Сарвари давлат
Душанбе, 19 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия”, “Дар бораи зотпарварӣ”, “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯии энергия” қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, гузаронидани экспертизаи энергетикӣ, таъмини иттилоотии чорабиниҳо, роҳҳои дастгирии давлатӣ, татбиқи механизмҳои иқтисодӣ ва молиявии соҳа, инчунин тартиби амалӣ намудани назорати давлатиро вобаста ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия муайян менамояд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зотпарварӣ” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии ҳайвонот ва таъминии озуқавории мамлакат равона карда шудааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, барои таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти он, афзоиши моҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти он равона карда шудааст.Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба рушду инкишофи соҳаи зотпарварӣ, моҳипарварӣ, сарфаҷӯӣ ва истифодаи самараноки энергия ва танзими фаъолияти волонтёрӣ равона карда шудаанд.Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






