Иштирок ва суханронии Э. Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 13 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ шурӯъ намуд.Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзо, намояндагони воломақом аз кишварҳои нозир ва шарикон барои муколама ба ҳам омаданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҷумла изҳори қаноат кард, ки “тайи 12 соли фаъолияти пурсамар Созмони ҳамкории Шанхай ба ниҳоди воқеан фаъол ва дорои обурӯ ва нуфузи байналмилалӣ табдил ёфт”.Барои таъмини фаъолияти бештар муассири созмон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дар бораи таҳия ва қабули “Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои то соли 2025” –ро дастгирӣ намуд.Бо таваҷҷуҳ ба дурнамои авзои Афғонистон пас соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо вазифадорем, ки дар ин марҳилаи тақдирсоз ба Афғонистон кумаки моддию маънавии муассир расонем, то ки сулҳу субот дар ин кишвари дорои таъриху фарҳанги пурғановат барқарор гардида, ҳаёти иҷтимоию иқтисодии он рушди бонизом дошта бошад”. Дар робита ба таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар қаламрави масъулияти Созмони ҳамкории Шанхай Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд риояи талаботи Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи «истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, такмили имконоти транзитии кишварҳои аъзо …” таъмин карда шавад.Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай аз сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири созмон ва шарикони муколама даъват намуд, ки соли оянда ба Тоҷикистон ташриф биёранд. Сарони давлатҳо даъвати Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, ба ӯ дар иҷрои ин масъулияти баланд барору комёбӣ таманно намуданд.Хотиррасон бояд намуд, пас аз ҳамоиши Бишкек раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон мегузарад ва ҳамоиши соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






