Иштироки Э. Раҳмон дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва мулоқот бо сокинон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт
Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии бошандагони ҷамоати деҳоти ин ноҳия шинос шуд.Дар ин намоишгоҳ сокинони касбу кори гуногуни ноҳия маҳорати волои касбии хешро тавассути ҳунарҳои кандакорию чӯбтарошӣ, табақтарошию кашидадӯзӣ, сабадбофию зардузӣ, оҳангарию кулолгариро ба маъраз гузоштанд, ки ҳар кадом таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд.Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт дар тӯйи хонадоршавии 28 ҷуфт ҷавонони хуштолеъ ширкат варзида, ба оилаҳои навбунёд туҳфаҳои арзишманд тақдим кард. Ҳамзамон аснои баргузории ин маҳфили хурсандӣ тӯйи дастаҷамъонаи 110 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд, ки бошандагони ҷамоатҳои деҳоти ҳамин ноҳия мебошанд, баргузор карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама ин кӯдакон низ дучархаҳо ва дигар туҳфаҳои қиматнок ҳадя кард. Ба 30 нафар ятиму бепарастор Сарвари давлат дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо 1100 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъдан дар ҳузури қариб 7 ҳазор нафар сокини ноҳияи Рашт суханрони намуда, ҳозиринро ба ҷашни 22-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳният гуфт ва дастовардҳои ин марҳилаи таърихиро назаррас маънидод кард.Аз ҷумла таъкин гардид, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Рашт дар баробари дигар манотиқи кишварамон бо дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат тадриҷан инкишоф ёфта, сол аз сол ободу зебо гардида истодааст.Аз соли 1995 то ба имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди ноҳия беш аз 427 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 320,5 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки асосан барои сохтмони иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, пардохти маошу нафақа ва кумакпулиҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ хароҷот гардидааст.Бо ин мақсад танҳо аз ҳисоби хазинаи Президенти мамлакат беш аз 16 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ субвенсия ё кумак ба буҷети ноҳия 93,4 миллион сомониро ташкил додааст”.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ тамоми ҷамбаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, зикр намуд, ки “рӯзҳои наздик лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Рашт- Навобод оғоз мегардад, ки дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар давоми ду сол 18 километр роҳи Рашт –Навобод ва пули дарёи Сорбоғ таъмиру азнавсозӣ шуда, 5 ҷамоати ноҳия бо мақсади амалисозии чорабиниҳои вобаста ба солимгардонии модару кӯдак бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мегарданд”.Тазаккур дода шуд, ки тайи ду соли оянда бо ҷалби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби намояндагии бонкҳои ноҳия ва соҳибкорони саховатпеша дар маҷмуъ 45 километр роҳҳои маҳаллии ҳудуди ҷамоати шаҳраку деҳот таҷдиду навсозӣ карда мешавад.
Дар охир барномаи мукаммали консертии аҳли ҳунар пешкаши ҳозирин карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






