Иштироки Н. Зоҳидов дар Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё

Сентябрь 27, 2013 09:38

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 25 сентябри соли 2013 дар Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ таҳти раёсати Ҷумҳурии Туркия иҷлоси ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё баргузор шуд, ки дар кори он муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зохидов иштирок намуд. Дар суханронии худ намояндаи кишвари мо зимни арзёбии мусбати дастовардҳои анҷумани мазкур дар давраи сипаришуда, бар зарурати таҳкими бештари ҳамкориву тадбирҳои эътимодсозӣ ва ҳалли созандаи мушкилоти мавҷуда дар паҳнои конфронс, аз ҷумла дар соҳаи истифодаи захираҳои обу энергетика, тиҷорат ва нақлиёти минтақавӣ таъкид намуд.

Сентябрь 27, 2013 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш